https://sadoimardum.tj

Мусобиқаи тирпаронӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири мудофиа»

№:21 (5073), 20 фев 2026, 14:18
0

Бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хизматчиёни ҳарбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мусобиқаи тирпаронии дарёфти «Ҷоми вазири мудофиа»  баргузор шуд.

Дар мусобиқа шаш даста иштирок намуданд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои умумидаставӣ мақоми аввалро Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, ҷойи дуюмро кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва зинаи сеюмро раёсати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикис­тон соҳиб гардиданд.

Ҳадафи мусобиқа муайян намудани маҳорати тирпаронии хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, раёсатҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа», Донишкадаи ҳарбӣ, Литсейи ҳарбӣ ва кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз силоҳи оташфишони таппонча арзёбӣ гардид.

Гулбаҳор раҳмонова,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: