Намоиши ҷашнӣ дар Осорхонаи миллӣ
Ба ифтихори 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки афсарону сарбозони шуҷои Ватан намоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Намоиши мазкур аз 20 то 23-юми феврали соли ҷорӣ роҳандозӣ шуда, дар он 2200 нафар афсарону сарбозон ба таври ройгон ба тамошои экспозитсияҳо ва намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб шудаанд.
Ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ҷиҳати шиносоии бештар бо таърих ва фарҳанги пурғановати ҳалқи тоҷик сайрҳои осорхонавӣ баргузор гардид.
Дар намоиш бори нахуст аз фонди Осорхонаи миллӣ офаридаҳои рассомон, аз ҷумла, А.Н. Камелин «Муҳорибаи Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ», Е.Г. Буртсев «Сарҳадчиён», Ёдгоров «Нури ситораи дур», М. Абдуқодиров «Симои Исмоили Сомонӣ», М. Хошмухаммедов «Темурмалик», Д. Илябаев «Набарди Рустам бо Исфандиёр», И. Лисиков «Посбони тартибот», С. Шералиев «Вохурӣ. Сарбоз ба хона баргашт», С. Қурбанов «Симои генерал Тошмухамедов», М. Канаян «Дар сарҳад», Л. Хушвахтов «Сарҳадбон», А. Раҳимов «Симои аввалин гуруҳи занҳои милитсияи тоҷик» ва дигар асарҳои санъати тасвирии тоҷик, ки бо маҳорати баланди бадеӣ эҷод шудаанду доир ба шуҷоату мардонагии муҳофизони сарзамини аҷдодӣ қисса мекунанд, пешкаши тамошобинон гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки намоиши «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» то 3-юми марти соли 2026 идома меёбад.
Акбар ДОСТИЕВ,
сармутахассиси шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
