Рашт. Театр ба деҳот омад
Чанде пеш бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аҳли ҳунари Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ меҳмони хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и деҳаи Поҷеи поёни ноҳияи Рашт шуданд.
Ин ибтикор имкон фароҳам овард, ки хонандагони муассиса бо ҳунармандони варзидаи кишвар мулоқот намоянд, намоиши омоданамудаи онҳоро тамошо ва андешаҳои хешро баён созанд.
Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саодат Азизова, Асалбек Назриев ва Ортиқ Қодиров, ҳунарпешагон Са-лоҳиддин Шукурзода, Умеди Субҳоналӣ, Суҳроб Эгамназарзода, Ризо Юсуфӣ, Шаҳзод Ниёзӣ, Убайдуллои Саъдулло, Наргиси Муҳаммадшариф , Савлатмои Ҳақназар намоиши «Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё»-и дра-матург Хурсанд Холиқовро манзури хонандагону омӯзгорон намуданд. Намоиш, ки танзими расму оин, эҳтиро-ми падару модар, иззати калонсолон, сарфаю сариштакорӣ ва масоили ахлоқиро дар бар мегирад, ба тамо-шобинон таъсири амиқ гузошт.
Д. МИРЗО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





