https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳамкории МТС бо 44 маркази таҳлилӣ

№:23 (5075), 25 фев 2026, 16:36
0

Маркази тадқиқоти стратегии ­назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажуҳишии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо марказҳои илмию таҳқиқотии Россия, Қазоқис­тон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекис­тон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳо, ҳамкории самарабахш дорад. Дар ин бора директори марказ Хайриддин Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, узви Маркази таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, Маркази Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ низ мебошад.

Соли 2025 муассиса ба платформаҳои нави ҳамкории марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Халиҷ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайвастааст.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: