Аз нишастҳои матбуотӣ
Довталабони хизмати давлатӣ афзудаанд
Дар мақомоти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот шумораи воҳидҳои корӣ 22817 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 440 воҳиди корӣ зиёд аст. Дар ин хусус аз нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем.
Зиёд гардидани воҳидҳои кориро шарҳ дода, масъулин гуфтанд, ки ин раванд ба таъсиси мақомоти нав, аз ҷумла Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ рабт дорад.
Инчунин, таҷдиди сохтор, зиёд гардидани воҳидҳои корӣ дар баъзе вазорату идораҳо, аз ҷумла вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои андоз, кор бо занон ва оила, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ба афзудани воҳидҳои корӣ боис гардидааст.
Аз шумораи умумии воҳидҳои кории хизмати давлатӣ ба мақомоти марказӣ 12227 нафар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - 3579 ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3009 нафар рост меояд.
Дар давраи мавриди назар барои ишғоли 4718 мансаби холӣ бо иштироки 6117 довталаб озмун гузаронида шуда, 4102 нафар барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия шудаанд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
