Аз нишастҳои матбуотӣ
160 нафар наҷот дода шуд
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 дар Тоҷикистон 287 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омад, ки нисбат ба соли пешин 361 ҳолат кам аст.
Ҳодисаҳои табиӣ дар 12 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо зарар расонидаанд, ки маблағи он беш аз 20 миллион сомониро ташкил додааст.
Соли 2025 дар ҷумҳурӣ селфароӣ - 83, тармафароӣ-79, заминларза-35, сангрезӣ-24, бориши борон-18, шамоли сахт-18, баландшавии сатҳи об-14, фаромадани ярч-9, ба амал омадани раъду барқ-4, бориши барфи зиёд-2 ва хунукии сахт 1 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Кумита барои бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода бо тамоми техникаи зарурӣ таъмин буда, гурӯҳҳои корӣ пайваста дар ҳолати омодабош қарор доранд.
- Дар соли 2025 ҳангоми гузарондани корҳои наҷотдиҳӣ 160 шаҳрванди ҷумҳурӣ наҷот дода шуд, - афзуд Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
