https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Тиҷорати хориҷӣ 20% афзудааст

№:23 (5075), 25 фев 2026, 16:53
0

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иттилоъ дод, ки соли 2025 тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба 10 740,0 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 20,2 фоиз зиёд мебошад. 

Аз ҷумла, воридоти мол 8 295,6 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 1 303,3 млн. доллар бештар аст. Содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар ба 2 444,4 млн. доллар баробар шуда, 504,3 млн. доллар афзудааст. Дар гардиши мол ҳиссаи воридот 77, 2 фоиз ва содирот 22,8 фоизро ташкил медиҳад. 

Дар муқоиса ба соли 2024 содироти мол ба Нидерланд 294,4 млн. доллар, Федератсияи Россия - 144,4 млн. доллар, Чин - 114,4 млн. доллар, Ӯзбекистон - 87,0 млн. доллар, Белгия - 78,8 млн. доллар, Беларус - 1,8 млн. доллар ва Қирғизистон 8,5 млн. доллар афзудааст. 

Соли 2025 нақшаи пардохтҳои гумрукӣ 10405,3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 12720,1 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 2314,8 млн. сомонӣ (122,3 фоиз) зиёд мебошад. 

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: