Таҳсилоти дувоздаҳсола
талаботи замон, аммо гузариш марҳила ба марҳила
26-уми феврали соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар мавзуи «Аҳамияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ» таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ суҳбати гирди миз доир шуд. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон бо роҳбарият ва масъулини Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҷумҳурӣ масъалаи мазкурро баррасӣ намуданд.
Дар ин раванд, ба зарурат ва аҳамияти гузариш ба низоми таҳсилоти дувоздаҳсола, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, мувофиқ кунонидани барномаҳои соҳа ба ин низоми таълим ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ дар ин самт, муҳайё сохтани заминаи воқеии марбут ба зербино, омодасозии омӯзгорони касбӣ, огоҳонии ҷомеа аз ҳадафҳои гузариш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Мавсума Муинӣ гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилро аз масъалаҳои мубрам ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки соли 1992 дар асоси Деклоратсияи Шурои Аврупо 150 кишвари ҷаҳон гузариш ба низоми таҳсилоти дувоздаҳсоларо дастгирӣ намуданд ва ҳоло ин низом дар беш аз 180 кишвари ҷаҳон тадбиқ шудааст. Дар кишвари мо низ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар ҷиҳати гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсил то имрӯз тадбирҳои судманд амалӣ шудаанд.
Тавре таъкид гардид, мақсад аз гузариш ба низоми таҳсилоти дувоздаҳсола ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи илму маориф, фаро гирифтани кӯдакон аз синни шашсолагӣ ба таълим ва кам кардани сарбории кӯдакону омӯзгорон аст.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода илова намуд, ки ин низом ба нафароне, ки оянда таҳсили олиро дар хориҷи кишвар идома додан мехоҳанд, имкони васеъ фароҳам меорад. Зеро имрӯз шаҳрвандони мо, ки ба ин мақсад хориҷи кишвар мераванд, таҳсили синфи дувоздаҳро дар он кишвар идома медиҳанд.
Зикр гардид, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои ЮНЕСКО ин навъи таҳсил дар 32 давлат аз синни 5, 129 - аз 6 ва дар 23 кишвар аз 7-солагӣ роҳандозӣ шудааст. Дар 25 мамлакати дунё таҳсилоти сездаҳсола аз 6-солагӣ амал мекунад. Аз ҷумла, низоми таҳсилоти дувоздаҳсола дар ИМА, Фаронса, Ҷопон, Испания, Полша ва ҷумҳуриҳои назди Балтик ба роҳ монда шудааст, ки то имрӯз натиҷаҳои назаррас доранд.
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Равшан Каримзода гузариш ба низоми таҳсилоти дувоздаҳсоларо ислоҳоти зарурӣ ва стратегӣ арзёбӣ кард, аммо бо назардошти баъзе мушкилот зарур донист, ки он марҳила ба марҳила амалӣ шавад. Аз ҷумла, гуфт: «Тибқи маълумот, кӯдакони то шашсола дар ҷумҳурӣ наздики 250 ҳазор нафар буда, имкони қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои кӯдакони ин син 65 ҳазору 860 нафарро ташкил медиҳад. Яъне, бештар аз 26 дарсади талаботро дар бар мегирад. Дар сурати гузариши пурра ба низоми таҳсилоти дувоздаҳсола, тибқи ҳисоботи пешакӣ, 184 ҳазору 640 хонанда (73,7 дарсади кӯдакони шашсола) метавонанд ба мушкилии норасоии ҷойи нишаст рӯ ба рӯ шаванд».
Бо назардошти ин ва зарурати омода намудани омӯзгорони иловагӣ, тақвияти бозомӯзии омӯзгорон, таъмини хонандагон бо адабиёти таълимӣ, бознигарии стандарти таълим, омода намудани барномаи таълимӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ зарур дониста шуд, ки тадбиқи низоми таҳсили дувоздаҳсола марҳила ба марҳила, бо таҳкими инфрасохтор, таъминоти кадрӣ ва молиявӣ амалӣ гардад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев
Ҳамчунин дигар маводҳо:
