https://sadoimardum.tj

Терроризму экстремизм мубориза рисолати ҳамагонист!

№:25 (5077), 02 мар 2026, 16:34
0

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи хеле ҳассосе қарор дорад, ки масъалаҳои таъмини амният ва субот ба меҳвари асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти хатарноки аср ба зиндагии осоиштаи мардум таҳдид намуда, арзишҳои инсониро зери хатар қарор медиҳанд. Ҳар як кишвар, новобаста аз қудрату имконоташ, метавонад ҳадафи ин таҳдид гардад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм масъулияти умумии инсоният аст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Мавриди зикр аст, ки гурӯҳҳои ифротгаро шаклу усулҳои худро тағйир дода, аз шабакаҳои иҷтимоӣ, таблиғоти равонӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ баҳра мебаранд. Мақсади онҳо ба вуҷуд овардани тарс ва халалдор кардани суботи ҷомеа мебошад. Президенти собиқи Фаронса Франсуа Олланд гуфта буд: «Терроризм як заҳри сусти пурқувват аст: таъсири он ҳатто баъд аз анҷоми даҳшатҳо идома меёбад».

Бояд гуфт, ки сабабҳои гаравидан ба терроризму экстремизм гуногунанд. Норасоии маърифат, мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ, таб­лиғоти бардурӯғ ва истифодаи эҳсосоти динӣ аз ҷумлаи онҳост. Муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки «дар мубориза бо терроризм бояд аз реша - аз нодонӣ оғоз кард». Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи таълим ва маърифат имкони паҳншавии ғояҳои тундравро кам мекунад. Малола Юсуфзай мегӯяд: «Бо силоҳ метавон террористро нобуд кард, вале бо маориф метавон терроризмро решакан намуд».

Дар китобҳои муқаддас омадааст: «Ҳар кас, ки ҷони як инсони бегуноҳро бигирад, гӯё тамоми башариятро куштааст». Муҳаммад Тоҳир-ул-Қодирӣ таъкид мекунад: «Терроризм зӯроварист ва барои он дар таълимоти исломӣ ҳеҷ ҷой ва ҳеҷ асос вуҷуд надорад».

Биноан, барои пешгирии ин зуҳурот ҳамкории давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва худи шаҳрвандон хеле муҳим аст. Таҳаммулгароӣ ва эҳтироми фарҳанг заминаи сулҳро устувор месозанд. Ҷавонон неруи асосии пешрафти ҷомеа мебошанд ва бештар аз ҳама мавриди ҳадафи таблиғоти гурӯҳҳои тундрав қарор мегиранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки пайвастан ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва содир намудани амалҳои террористӣ на танҳо ба худашон, балки ба оила, ҷомеа ва давлат хатар дорад. Онҳо бояд роҳи ростро интихоб намуда, ба омӯзиши илму маърифат ва фаъолияти созанда тамаркуз кунанд».

Сарвари давлат, ҳамчунин, таъкид кардаанд, ки баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои рушди онҳо яке аз самтҳои асосии муқовимат бо экстремизм ва терроризм мебошад. Ҷавони босавод ва худогоҳ ҳеҷ гоҳ фирефтаи таблиғоти тундрав намегардад. Ҷавонон метавонанд бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва маърифатӣ муҳити ҷомеаро солим гардонанд. Ин неруи пешбаранда беҳтарин сипари давлат ва ҷомеа мебошад.

Мубориза бо терроризм ва ­экстремизм мубориза барои ҳифзи ҳаёт, шаъну шараф ва ояндаи ­наслҳо мебошад. Агар ҷомеа ба илм, маърифат, адолат ва тарбияи дуруст такя намояд, заминаи паҳншавии ифротгароӣ хеле маҳдуд мегардад. Ҳар яки мо - падару модарон, омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ё донишҷӯён метавонем дар ин ҷода саҳмгузор бошем. Танҳо бо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру эҳтиром мо метавонем ҷаҳонеро бунёд намоем, ки дар он зӯроварӣ ҷой надошта бошад.

Неъматулло ФАТТОЕВ,

директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе»

Ҳамчунин дигар маводҳо: