https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамои зиндагии шоиста

№:25 (5077), 02 мар 2026, 16:39
0

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша диққати ҷомеаро ҷалб кард. Аз ҷумла, сокинони навоҳии минтақаи Рашт бо завқу рағбат онро гӯш карданд. Гурӯҳ-гурӯҳ одамон дар чойхона-фароғатгоҳҳо, толору маҷлисгоҳҳо танҳо ба хотири шунидани суханронии Пешвои муаззами миллат ҷамъ омаданд. 

Онҳо аз забони Сарвари давлат шунидан мехостанд, ки давоми соли гузашта мо ба кадом комёбию дастовардҳо муваффақ гаштем ва дар соли 2026 чӣ вазифаву масъулиятро бар дӯш мегирем. Аз суҳбат бо сокинон маълум гардид, ки онҳо ба воситаи телевизор Паёмро тамошо карданд ва баъдан, аз саҳифаи рӯзнома онро мутолиа намуда, барои худ ёддошт тартиб додаанд, то ин ки дар ҳаёт онро чун чароғи ҳидоят истифода баранд. 

- Мехостам аз номи соҳибкорони ноҳияи Нуробод ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон миннатдорӣ баён намоям, - гуфт дар суҳбат Сулаймон Асоев. - Мо тайи солҳое, ки дар ноҳия ба соҳибкорӣ машғул ҳастем, дар ҳар қадам дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатро эҳсос менамоем. Бо дилгармӣ кори худро идома медиҳем ва ба қадри тавон дар корҳои бунёдкорию созандагӣ саҳм мегузорем. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳост, ки сол то сол сафи соҳибкорони ватанӣ рӯ ба афзоиш аст ва ҳамватаноне, ки берун аз мамлакат фаъолият доранд, ҳамаи дигаргунӣ ва дастгириҳоро мебинанд ва талош доранд, ки маблағҳои ба дастовардаашонро дар ободии Ватани хеш сарф намоянд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои маҳбуби миллат бори дигар доири дар оянда низ дастгирӣ намудани соҳибкорон, яъне бахши хусусӣ, ибрози назар намуда, ба масъулини соҳа аз ҷумла, дастур доданд: «Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Барои беҳтар намудани даст­расии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад».

Ман итминони комил дорам, ки бо чунин дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат бе ҳеҷ мамоният метавонем фаъолиятамонро дар Ватани хеш боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монем. 

- Имсол ба хонаи 90 қадам гузоштам, - гуфт дар суҳбат сокини деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт Саъдулло Абдуллоев. - Анқариб як аср рӯи замин қадам задам. Роҳбарони зинаҳои гуногунро дидам, аммо Пешвои маҳбуби мо ҳамтои худро надошту надорад. Бо вуҷуди пиронсолӣ ва суст будани қувваи шунавоӣ Паёми Роҳбари давлатро гӯш кардам. Дар ҳақиқат, имрӯз мо ба кадом соҳае рӯй орем, мебинем, ки кор рушд ёфтаву дастовардҳо назаррасанд, зеро ҳама кор дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатамон амалӣ мегарданд. Барои рӯшан шудани андешаҳоям танҳо як соҳаро ба хотир меорам. Бунёди роҳҳо гувоҳи он аст, ки рушди нумуи ягон гӯшаи дурдасти кишвар аз мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур нест. Чанд сол пештар дар яке аз суханрониҳояш роҳро воситаи расидан ба дилҳо гуфта буданд. Яъне, роҳи ободу зебо, ки тахту ҳамвору мумфарш аст, метавонад мардумро ба манзил осон расонад. Омадурафти одамонро зиёд гардонад. Аз дигар кишварҳо ба диёри мо биёянд. Ҳар қадар омадурафт зиёд шавад, дилҳо ба ҳам наздик мешаванд, ҳамдигарфаҳмӣ хуб мешавад ва риштаи дӯстӣ байни мардум мустаҳкам мегардад. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки суръати рушди мамлакат афзоиш ёбад. Ба қавли устод Турсунзода, «Мардумон аз дӯстӣ ёбанд бахт».

Имрӯз бо роҳи нави Роғун-Нуробод сокинони навоҳии Рашту Тоҷикобод ва Лахшу Нуробод рафтуомад доранд. Мусофирон даст ба дуо шукрона мекунанд ва ба Сарвари давлат дуруд мефиристанд, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти мардум. Пешвои муаззами миллат барои таҷдиду таъмири ин қисмати роҳ дастур додаанд ва дар муҳлати кӯтоҳ дастурашон татбиқ гардид. Мо - мӯйсафедон дар панҷ намози хеш дуои тансиҳативу соҳибдавлатии Пешвои маҳбуби миллатро мегӯем. Дар ҳақиқат, Пешвои мо шахси ғамхору меҳрубон ва дилсӯзу заҳматкашанд. 

- Бе маориф нест давлат пойдор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр, - суҳбатро оғоз менамояд сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод Суҳроб Ваҳҳобниё. - Ин суханҳо беҳикмат нестанд. Танҳо шахсони босавод, соҳибтаҳсилот ва донишманд метавонанд як ҷомеаи ҳақиқатан писандида ва як давлати пешрафта ташкил намоянд. 

Дуруст аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мо ба дастовардҳои назаррас ноил шудем, аммо ҳанӯз оғози роҳ аст. Ин маъниро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбатҳояшон ишора кардаанд ва маорифро соҳаи калидӣ номидаанд. 

Пешвои муаззами миллат хуб медонанд, ки бояд сатҳи макотиби кишварамон дар дараҷаи байналмилал қарор гирад. Дар он сурат метавонем ба дастовардҳои бузургтар ноил шавем. Имрӯз он мамолике рӯ ба пешравӣ доранд, ки он ҷо илмҳои дақиқ рушд ёфта, садҳо тан аз ҷавонони донишманду соҳибистеъдод ба ихтироъкориву навоварӣ машғуланд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон гуфтанд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд».

Ман итминони комил дорам, ки баъди бист сол дар Тоҷикистони мо ҳазорон нафар ҷавонони донишманд, ки илмҳои дақиқро пурра аз бар мекунанд, на танҳо барои Ватани хеш, балки барои башарият хизмати арзандае хоҳанд кард. Ҳамаи ин аз дурандешиву бузургии Пешвои миллати мо бори дигар гувоҳӣ медиҳад. Гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз ӯ метавонад бо ақлу хиради Худованддода кишвар ва миллати моро дар сафи пешрафтаҳо ҷойгир намояд, - мегӯяд дар хатми суҳбат Суҳроб Ваҳҳобниё.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - гуфт дар суҳбат сарвари хоҷагии Нимичи ноҳияи Рашт Ҳавоҷиддин Сиддиқзода, - дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ диққати ҷиддӣ доданд. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон диёри кӯҳистон аст ва мо бояд ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода барем. Дар Паём ин маънӣ хеле рӯшан баён гардидааст: «Итминон дорам, ки бо дарназардошти чунин шароити ногувор кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин, ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро беҳтар таъмин менамоянд.

Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот механизми таъмин намудани рушди устувори соҳаи пахтакориро ҷорӣ намояд».

Ин дастури Пешвои муаззам масъулияти моро дучанд мегардонад. Барои дар амал татбиқ намудани барномаҳо пайваста талош мекунем ва бовар дорем, ки Паём чун чароғи раҳнамо дар ҳалли масъалаҳои душвор роҳамонро равшан менамояд ва то соли оянда ба дастовардҳои чашмгир ноил мегардем. Ҳамчунин, мо - кишоварзон бовар дорем, ки дар мамлакатамон соҳаи пахтакорӣ беш аз пеш ривоҷ меёбад.

Ба андешаи собиқадори соҳаи тандурустӣ Қулмуҳаммад Нурзод аз ноҳияи Рашт, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олӣ аз лиҳози фаро гирифтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини амният, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маориф, тандурустӣ, саноат, энергетика ва дигар соҳаҳо яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар низоми давлатдорӣ ба шумор меравад. 

- Пешвои миллат дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ махсус ишора намуда, таъкид доштанд, ки «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 - 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд», - гуфт дар идомаи суҳбат мавсуф.

Воқеан, дар сию чор соли соҳибистиқлолӣ бо мақсади беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, неруи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба рушди бемайлон ноил гардид. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо муҳайё гардидани шароити мусоид барои касбомӯзӣ мутахассисони боистеъдод ва соҳибтаҳсилот тарбия карда шуданд ва дар муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар хизмати мардум мебошанд. Дар ҳудуди ноҳия муассисаҳои тандурустии зиёд сохта ба истифода дода шуд. Имрӯз дар ноҳия деҳае нест, ки дар он муассисаи тандурустӣ фаъолият накунад. 

Ҳамаи ин дастовардҳо дар партави ҳидоятҳои оқилонаву одилонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаёт татбиқ шудаанд. Барои амалӣ гардидани корҳои хайр маблағи зиёд масраф шудааст. Ин маъно дар Паём хеле рӯшан ишора шуд: «Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас, он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шуд. Яъне, буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад».

Ироаи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки фарогири дастовардҳои 34 соли даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми бахшҳо буд, муассир мебошад ва, ҳамзамон, нақшаҳои минбаъда дар масири рушди соҳаҳои муҳим, аз ҷумла бахши тандурустӣ, боиси дастгирианд ва масъулияти кормандони соҳаро дар назди давлату миллат меафзояд, - мегӯяд дар хатми суҳбат Қулмуҳаммад Нурзод. 

Диловари МИРЗО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: