Модаре об меораду марде роҳ месозад
Сокинони деҳаи Шаҳристони ноҳияи Тоҷикобод, ки аз нарасидани оби нӯшокӣ ранҷ мекашиданд, бо кумаки соҳибкорону сокинони саховатманд аз мавзеи Мазори Шинг дар масофаи 12 километр хати оби нӯшокӣ кашида, мушкилоти асосии деҳаро бартараф намуданд.
Аз ҷумла, сокини ҳамин деҳа Аҳдия Зокироваи 76-сола 15 ҳазор сомонии пасандозашро дар кашидани хати оби нӯшокии деҳа сарф кард.
Маҳмадёр Ваҳобов, сокини деҳаи Қади оби деҳоти Зарафшон бошад, ба ҳаҷи умра нарафта, бо маблағи ҷамъовардааш роҳи деҳаашонро таъмир ва ҷӯйборҳои онро бетонпӯш намудааст.
Тавре масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мегӯянд, сокинон тасмим гирифтаанд, ки ба ҷойи харҷи беҳуда дар маросимҳо деҳаашонро обод намоянд.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
Ту некӣ мекунӣ, дар даҷла андоз
Агар мо ба кадом ноҳияи водии Рашт сафар накунем, сокинони он маҳал дар бораи саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони саховатманд дар бораи бунёдкориву ободкорӣ бо шавқу рағбат ҳикоя мекунанд. Бо
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,
