Ту некӣ мекунӣ, дар даҷла андоз
Агар мо ба кадом ноҳияи водии Рашт сафар накунем, сокинони он маҳал дар бораи саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони саховатманд дар бораи бунёдкориву ободкорӣ бо шавқу рағбат ҳикоя мекунанд. Бо ифтихор мегӯянд, ки соҳибкорони мо барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия саҳм мегузоранд. Таъкид менамоянд, ки сафи мардони саховатманд дар диёри мо рӯ ба афзоиш аст. Масалан, дар ноҳияи Нуробод даҳаи аввали моҳи январи соли равон мо шоҳиди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ ва майдончаи варзиш дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и деҳаи Хумдон будем. Ба гуфти мутахассисон, ба истифода додани чор синфхонаи иловагии ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ имконият фароҳам овард, ки 190 хонанда дар ду баст таҳсилро идома диҳанд ва дар ин муассиса масъалаи норасоии синфхонаҳо ҳал гардидааст. Ҳамчунин, бунёди майдончаи варзиш барои рушди футболу волейбол ба наврасону ҷавонони деҳа хеле муфид аст.
Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва майдончаи варзиш бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатманд анҷом пазируфт. Яъне, онҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва варзиш саҳм гузоштанд.
Дар деҳаи Поҷеи ноҳияи Рашт оилаи Бобоҷоновҳо бинои муҳташами дуошёнаи таълимиро, ки бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, соли 2024 сохта ба истифода доданд. Ва дар кушодани ин мактаби ҳозиразамон Пешвои муаззами миллат иштирок карданд ва бо дасти муборакашон дари онро ба рӯи хонандагону омӯзгорон боз намуданд.
Оилаи Атоевҳо аз деҳаи Хуҷаалии ноҳияи Рашт болои дарёи Сорбоғ пули мошингузар сохт ва пули пиёдгузарро пурра таъмир намуд. Бунёди ин пул ва таъмири пули одамгузар барои мардуми чанд деҳа хурсандӣ овард. Бо ин амали хайр мушкилии хонандагони деҳаҳои Боғистон, Пингон ва Боғистони поён, ки барои таҳсил ба муассисаи таълимии деҳаи Хуҷаалӣ меомаданд, бартараф гардид. Дар баробари ин, рафтуомади сокинони шаш деҳаи ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода - Хуҷаалӣ, Кӯҳдоман, Шингилич, Рувоз, Хуҷаалии поён ва Боғистон хеле осон шуд.
Бояд гуфт, ки соҳибкорон ва мардони саховатманди деҳоти Боқӣ Раҳимзода чанд сол боз чун пайравони содиқу ҳақиқии Пешвои муаззами миллат корҳои зиёди сохтмониро ба анҷом расонидаанд. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳот бунёди 29 иншоот ба нақша гирифта шуда буд ва то имрӯз сохтмони 14 иншоот ба анҷом расонида, дар дигар деҳаҳо корҳои бунёдкорӣ идома доранд.
Бо кӯшишу дастгирии соҳибкорону саховатмандон ва сокинони деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод бо маблағи зиёда аз як миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз мавзеи Дашти Боқӣ дар масофаи 18 километр барои 143 хоҷагии деҳа хати оби нӯшокӣ кашида шуд. Сокини 80-солаи деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод Моҳтоб Шарифова аз ҳисоби худ 50 ҳазор сомониро барои кашидани хати оби нӯшокӣ барои ҳамдеҳагонаш сарф намуд. Ба гуфти ҳамдеҳаҳо, ин маблағро ӯ барои рафтан ба ҳаҷ ҷамъ карда буд. Рафтори ин зани оқилу ҷавонмардро дидаму байтҳои машҳури яке аз бузургони пешин ба ёдам омад:
Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба наздаш сад писар муҳтоҷ гардад.
Чунин мисолҳо хеле зиёд ҳастанд, аммо наметавон дар як мақола ҳамаи онҳоро болои коғаз овард.
Мақсад аз ин муқаддима чист? Мехостам ёдовар шавам, ки маҳз бо раҳнамоии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ҳақиқати ҳолро пай бурданд. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳояшон таъкид кардаанд, ки «Касе аз берун омада Ватани моро обод намекунад. Мо бояд барои ободӣ ва рушду нумӯи кишварамон талош кунем». Ин суханҳо бетаъсир намонданд. Сокинони навоҳии Рашт талошҳои Пешвои маҳбуби миллатро дида ва ба суханрониҳои пурҳикматаш гӯш дода, мехоҳанд чун пайравони вай ба қадри тавон дар корҳои ободонӣ саҳмгузор бошанд. Пеш аз ҳама, соҳибкорон. Натиҷаи ҳамин аст, ки сол то сол сафи соҳибкорони ватанӣ меафзояд.
Соҳибкорон дар бунёди роҳҳои мумфарши байни деҳаҳо низ ҳисса мегузоранд. Ин масъала дар навоҳии Раштон низ бомаром идома дорад. Дар Паёми имсола Пешвои маҳбуби миллат ба соҳибкороне, ки дар бунёди роҳҳо саҳм мегузоранд, арзи сипос намуданд:
«Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён менамоям».
Айни ҳол дар ноҳияи Рашт, мувофиқи ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, барои дастгирии соҳибкорон тамоми шароит фароҳам шудааст: «Соли сипаригардида тариқи «Равзанаи ягона» 225 соҳибкор тибқи шаҳодатномаи муқаррарӣ, 668 нафар тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 481 нафар тибқи патент ва 2914 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият намудаанд. Ҳамагӣ соҳибкорони инфиродӣ 4288 нафар мебошанд, ки нисбат ба аввали соли равон 165 нафар зиёд мебошад. Дар давоми сол аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии дар ноҳия фаъолиятдошта барои фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳгардонии шароити зист ба маблағи 68 миллиону 474 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 13 миллиону 494 ҳазор сомонӣ ё 24,5 фоиз зиёд мебошад».
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат бори дигар дар бораи дастгирӣ ва кумак ба соҳибкорон таъкид гардид:
«Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад».
Бовар дорем, ки соҳибкорони мо дар ҷавоби ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар оянда низ корҳои хайри зиёдеро ба анҷом мерасонанд. Бешубҳа, рафтору кирдори саховатмандонаи эшон, аз як тараф, ба пешрафту ободонии кишварамон мадад расонад, аз ҷониби дигар, файзу баракатро дар корашон зиёд хоҳад кард. Гузаштаҳо беҳуда нагуфтаанд:
Ту некӣ мекунӣ, дар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
