Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Умут Аҷар
23-юми майи соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия давоми 33 сол бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган батадриҷ рушд ёфта, зиёда аз 80 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг ва дигар бахшҳо ба имзо расидааст.
Ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории парламентӣ байни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия аз соли 1998 инҷониб густариш меёбад.
Муколамаи сиёсӣ, табодули таҷриба, сафарҳои мунтазами намояндагони парламентҳои ҳар ду кишвар, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мешаванд, муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:




