https://sadoimardum.tj

Омодагӣ ба кишти баҳорӣ дар Ҳисор

№:30 (5082), 16 мар 2026, 16:15
3

Ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани кишти баҳорӣ дар шаҳри Ҳисор 630 техникаю мошинолот, аз ҷумла 61 трактори тасмачархи шудгоркунанда, 62 трактори нармкунанда ва 507 агрегати гуногун, дар хати тайёри хоҷагиҳои кишоварзӣ гузошта шудааст.
Кишти зироатҳо аз муҳайё будани техникаҳо вобастагии амиқ дорад. Ин аст, ки бо заҳмати деҳқонон ва механизаторон соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҳисор нисбат ба соли 2024 ба маблағи 89 миллион сомонӣ зиёд ва ба 1 миллиарду 588 миллион сомонӣ баробар шуд.
Имсол бошад, кишоварзони шаҳр дар майдони 6302 гектар зироатҳои баҳорӣ мекоранд, ки аз он 900 гектар пахта, 350 гектар картошка, 1321 гектар ғалладонагиҳо ва боқимонда сабзавоту зироатҳои хӯроки чорво мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: