https://sadoimardum.tj

Баррасии истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар раванди қонунгузорӣ

№:30 (5082), 09 мар 2026, 16:22
0

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилон, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва коршиносони байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаҳои онлайнӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласаҳо иштирокчиён аз ҷумла, имконоти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ, автоматикунонии вазифаҳои муқаррарӣ ва таҳлили ҳаҷми зиёди маълумотро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини шаффофияти фаъолияти парламент бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ равона карда шуд.
Вакил Зафар Ализода иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузариш ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар Маҷлиси намояндагон Консепсияи гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ таҳия ва қабул гардидааст. Дар ин замина, бо мақсади амалӣ гаштани вазифаҳои консепсияи мазкур аз ҷониби коршиносон ва ­масъулони Маҷлиси намояндагон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва коршиносони миллӣ масъалаҳои танзими қонунгузории мавҷуда, ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ-омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидорҳои иштирокчиёни раванди қонунгузорӣ, навсозӣ, такмили сомона ва портали интернетии Маҷлиси намояндагон ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки чорабиниҳои омӯзишӣ дар доираи консепсияи ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо барномаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат», ки аз ду самти асосӣ - баланд бардоштани иқтидори вакилону мушовирон, навсозӣ ва такмили сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон иборат аст, амалӣ мегардад.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: