https://sadoimardum.tj

Мулоқоти судманд доир ба вазъи сиёсии ҷаҳон

№:30 (5082), 16 мар 2026, 16:26
1

13-уми марти соли 2026 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон, минтақа ва хатару таҳдидҳои муосир бо вакилони Маҷлиси намояндагон мулоқот баргузор шуд.
Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки мураккаб гардидани авзои геополитикии ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла зуҳуроти терроризму экстремизм дар минтақа, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз тамоми кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ талаб менамояд ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмад Меликзода таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати созанда ва хирадмеҳвари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсию ҷамъиятии кишвар назоратшаванда ва амнияти миллии кишвар устувор аст.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ баробари ҳаллу фасли масъалаҳои калидии иқтисодӣ ва таъмини ниёз­ҳои иҷтимоии мардум муҳимтарин ­масъала - таъмини амнияти мамлакат пайваста мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари Олии кишвар қарор дорад.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: