Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон
Сенздаҳуми марти соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод гардид.
Шурои Маҷлиси намояндагон „Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ“ қарори дахлдор қабул намуд.
Масъалаҳо „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи рӯзҳои ид“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон“, „Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба лоиҳаи „Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Суғд“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Панҷ“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Данғара“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Кӯлоб“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Ишкошим“ ва „Дар бораи таҳияи нишони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
„Садои мардум“
Ҳамчунин дигар маводҳо:
