https://sadoimardum.tj

Аз Шурои Маҷлиси намояндагон

№:31 (5083), 18 мар 2026, 17:05
0

Шонздаҳуми марти соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон „Дар бораи назорати содирот“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи рӯзҳои ид“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон „Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон“, „Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба лоиҳаи „Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низо-мномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Суғд“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисо-дии „Панҷ“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Данғара“, „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Кӯлоб“ ва „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон „Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии „Ишкошим“ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷли-си намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати ҳафтум пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, воба-ста ба ­масъала „Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи идоракунии рақамӣ“ Қарори Шурои Маҷлиси намояндагон қабул шуд.
Масъалаҳо „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон“ ва „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гар-диданд.
Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, „Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум“ ва „Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷло-сияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум“ қарор қабул кард.
„Садои мардум“

Ҳамчунин дигар маводҳо: