https://sadoimardum.tj

Муомилоти воситаҳои нашъадор

№:35-36 (5087-5088), 01 апр 2026, 18:12
2

Дар татбиқи қонунҳо бояд саҳми дастҷамъӣ дошта бошем

Дар моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» омадааст, ки иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

Иҷозатномадиҳӣ барои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти маҳдуд буда, танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус ва квотаи давлатӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Он нигоҳдорӣ, интиқол, тақсим ва фурӯшро танзим намуда, бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор манъ аст.
Иҷозатнома барои истеҳсол, воридот ва содирот, нигоҳдорӣ ва истифодаи ин моддаҳо бо мақсадҳои тиббӣ, илмӣ ё таълимӣ дода мешавад. Фаъолият бидуни иҷозатнома ё вайрон кардани шартҳои он боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ мегардад. Иҷозатнома барои муомилоти қонунии прекурсорҳо низ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як муассисаи табобатию пешгирӣ ва фармасевтӣ уҳдадор аст комиссияи доимамалкунанда ташкил намояд, ки он на камтар аз як маротиба дар як моҳ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани истифода ва таъин намудани истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро бо мақсадҳои тиббӣ дар муассиса зери назорат мегирад.
Бояд зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», киштукори растаниҳои нашъадор бо мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин, таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ фақат аз тарафи муассисаҳои илмӣтадқиқотие, ки тибқи қонуни мазкур иҷозатнома доранд, амалӣ мегардад. Дар асоси ҳамин модда тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди квотаи давлатӣ амалӣ мегардад. Аз ин, метавон хулоса кард, ки дар мамлакат ҳеҷ як субъект худсарона ва пинҳонӣ наметавонад омода, муомилот ва истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба роҳ монад. Ҳатто, мувофиқи моддаи 9 қонуни мазкур, реклама ё таблиғи чунин воситаҳо дар қаламрави кишвар манъ аст.
Қобили зикри хос аст, ки ҷаҳони муосир дар баробари бархӯрд бо зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, ҳамзамон, ба буҳрони равонию солимии башарият мувоҷеҳ аст. Ин ҷараён ба генофонд, вазъи демографӣ ва амнияти иҷтимоиву иқтисодии башарият таъсир дорад. Хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чун дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ба монанди фурӯши силоҳ, хариду фурӯши одамон, терроризм ва экстремизм, ба субот, амният ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо таҳдид мекунад.
Имрӯз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иттилоотӣ шоҳиди майли ҷавонону наврасон ба истеъмоли чунин маводи сахттаъсир мешавем. Бархе агар аз рӯи ҳавас ба истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо даст зада бошанд, тоифае аллакай муътод ва вобасташуда ҳастанд. Ин ду тоифа, дар умум, тобеъ ва ё вобастаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мебошанд, вале набояд фаромӯш намуд, ки лаззати яклаҳзаинаи истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар зиндагии инсон доғи ҳамешагӣ мегузорад, ки бо ҳеҷ воситае онро поку ислоҳ наметавон кард.
Бинобар ин, имрӯз барои пешгирӣ аз чунин зуҳуроти номатлуби замон на танҳо мақомоти марбута, балки ҳар як аъзои ҷомеа бар муқобили муомилот ва истеъмолу истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо бояд мубориза барад. Табиист, шахсоне, ки ба истеҳсол ва фурӯши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо машғуланд, андешаи таъсир ва пайёмадҳои манфии онро намекунанд. Ҳадафи онҳо танҳо ба даст овардани фоида аст. Чунин шахсон бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун, хусусан тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, маводи нашъадорро таблиғ мекунанд.
Аз ин рӯ, дар баробари назорат аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, ҳамчунин, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои қатъии қонун бояд назоратро пурқувваттар намоянд, чораҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонону наврасон аз ҷониби сохторҳои марбута бештар гардад. Танҳо бо муборизаи қонунӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим метавон аз густариши гирифторӣ ба ин зуҳурот пешгирӣ намуд.
Аслиддин ҚУВВАТЗОДА,
прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2

Ҳамчунин дигар маводҳо: