https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон

№:39 (5091), 08 апр 2026, 14:49
6

Шашуми апрели соли 2026 таҳти раё­сати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод шуданд.
Шурои Маҷлиси намояндагон вобаста ба масъала «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз иттилооти ба саломатӣ ва рушди онҳо зараровар» қарор қабул кард.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехата-рии радиатсионӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳуду-ди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019» ва «Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохи-лии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи муҳоҷирати Хадамоти федералии давлатии корҳои дохилии Подшоҳии Белгия» барои додани хулоса ба куми-таҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» қарор қабул кард.
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: