https://sadoimardum.tj

Ташхиси пешакӣ

№:40-41 (5091-5092), 10 апр 2026, 14:59
11

ё мусоидат ба сарфаи маблағ то пешгирии саргардониҳои эҳтимолии муҳоҷирон

Чанде пеш Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи ташхиси тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро тасдиқ кард. Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд барои фаъолият ба Федератсияи Россия сафар кунанд, ташхиси тиббии лозимаро дар кишвари худамон осон ва бо арзиши хеле каму дастрас гузаранд. Созишномаи мазкурро Думаи давлатии Федератсияи Россия низ тасдиқ кардааст ва он аз 18 марти соли равон дар Россия қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуд.
Тибқи Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019, шаҳрвандони кишвари мо ҳангоми сафар ба Россия барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ муоинаҳои тиббии худро дар Федератсияи Росcия мегузаштанд. Пас аз қабули созишномаи нав, шаҳрвандон метавонанд муоинаҳои тиббиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи тиббии интихобшуда гузаранд.
Нархи муоинаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як шаҳрванд 240 сомонӣ ва дар муассисаҳои тиббии хусусӣ 300 сомонӣ муайян шудааст. Ҳол он ки дар Федератсияи Россия ҳамин гуна муоинаҳо аз 8 то 12 000 рубли русӣ арзиш дорад.
Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташхиси тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ 9 октябри соли 2025 ба имзо расидааст. Зимни муаррифии созишномаи мазкур дар ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ изҳор дошт, ки мақсади созишнома танзими равандҳои муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар мекунанд. Бино ба гуфти ӯ, созишнома ба таъмини ҳифзи саломатии муҳоҷирон мусоидат намуда, ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва таъмини шароити бехатар барои меҳнат дар муҳити кории Федератсияи Россия замина мегузорад.
Инчунин, созишнома ба таҳкими ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Россия дар соҳаи муҳоҷират ва тандурустӣ, таъмини шаффофият ва стандартҳои ягонаи тиббӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикис­тон дар Россия, аз ҷумла кам кардани ҳолатҳои ихроҷ, яъне депортатсия ва рад кардани иҷозати кор бинобар мушкилоти тиббӣ, таъмини шароити беҳтар барои муҳоҷирон ва коҳиши хавфҳои эпидемиологӣ мусоидат хоҳад кард.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қиёмиддин Давлатзода таъкид намуд, ки созишнома ба танзими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва тандурустӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Норзода манфиатҳои созишномаи мазкурро дар сабукӣ овардан ба муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ кард. Бино ба гуфтаи ӯ, минбаъд онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанианд, дар дохили ҷумҳурӣ аз муоинаи тиббӣ гузашта, баъдан ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, ки ин ба сарфаи маблағи онҳо мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, дар заминаи Хадамоти муҳоҷират аз санҷиши манъи вуруд ва қайди дактилоскопӣ (изи ангушт) мегузаранд, ки ин ҳам аз саргардониҳои эҳтимолӣ пешгирӣ мекунад. Ҳамчунин, бо дастрас намудани маълумотнома оид ба солим будан (намунаи дар Федератсияи Россия интихобшуда) ва надоштани манъи вуруд бе монеа ба Федератсияи Россия сафар мекунанд.
Ба гуфти Шариф Норзода, вақте муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон аз ташхисҳои лозимаи тиббӣ мегузаранд, дар Федератсияи Россия танҳо иҷозати кор мегиранд.
Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташхиси тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ ба хотири муҳайё намудани шароити мусоид ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Аз ин рӯ, онҳое, ки ба Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ сафар карданианд, хуб мешавад бо истифода аз меъёрҳои муайяннамудаи созишномаи мазкур раванди ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозимаро дар кишвар оғоз намоянд, то ҳам маблағашон сарфа шавад ва ҳам барои дуруст кардани ҳуҷҷатгузорӣ вақти зиёдашонро барҳадар надиҳанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: