Афзоиши бесобиқаи ташрифи сайёҳон ба вилояти Хатлон
Давоми чор моҳи соли 2025 аз мавзеъҳои саёҳию таърихии вилояти Хатлон беш аз 272 ҳазор сайёҳи дохилию ҳориҷӣ боздид кардаанд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 133 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Дар ин бора аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумӣ 248 ҳазору 541 нафар сайёҳи дохилӣ ва 23 ҳазору 863 кас сайёҳи хориҷӣ мебошанд.
Хотиррасон бояд кард, феълан дар ҳудуди вилоят 933 ёдгорӣ. мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ ва 128 чойхона мавҷуданд, ки барои рушди соҳа замина фароҳам овардааст.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





