https://sadoimardum.tj

Баррасии масъалаҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ

№:43 (5095), 15 апр 2026, 16:32
7

9-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои иштирокдори ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ иштирок дошт.

Дар ҷаласа лоиҳаи тавсияҳо дар бораи равишҳои консептуалии ҳамоҳангшуда барои ташкили стандартҳои меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ бо назардошти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тасдиқ гардид.

Ҳадафи равишҳои консептуалии мазкур муайян намудани самтҳо, шаклҳо ва усулҳои асосии татбиқи марҳилавии стандартҳои меҳнат дар ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ бо назардошти хусусиятҳои иқтисодиёти миллии кишварҳои узви иттиҳод мебошад. Ҳамзамон, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонӣ барои такмили низоми идоракунии меъёрҳои меҳнат, таъмини ташкилотҳо бо захираҳои муосир ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доранд, таъкид шуд дар ҷаласаи комиссия.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: