Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи корӣ доир шуд
13-уми апрели соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо иштироки аъзои Шурои Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи корӣ доир шуд.
Дар ҷаласа иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2026 баён доштанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, ҷиҳати пурра ҷорӣ намудани гардиши электронии байниидоравии ҳуҷҷатҳо, омодагиҳо ба баргузории Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вусъати корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои корӣ, саҳни бино, гулшинонӣ, ниҳолшинонӣ, насби шиору парчамҳо, тавассути воситаҳои ахбори омма таблиғу ташвиқ намудани моҳияти истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои пурра ва босифати барномаи кори қонунгузории Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон даъвати ҳафтум чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
