Иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ аз 80% гузашт

Дар даҳрӯзаи якуми даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ иҷрои нақша аз 80 дарсад гузаштааст. Шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро намуд ва дар пойтахт ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешсаф мебошад.
Тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра вилояти Суғд нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ба 57,5 дарсад расондааст. Дар ин вилоят шаҳрҳои Бӯстон ва Панҷакент аз пешсафони ин маъракаи муҳиманд.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 68,3 фоизи нақшаро иҷро кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки, чун солҳои пешин, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт - Лахш, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт, инчунин, ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ аз таъмини иҷрои пурраи нақша мужда дода буданд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли соли 2026 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ даъват мегарданд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист.
Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар як сол ду маротиба - аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
