Шаҳсутуни устувори давлати мо
Бо ифтихор метавон гуфт, ки ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббускории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонии дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободониву сабзкорӣ, тозагиву зебоӣ ва одоби баланди муошират табдил ёфтааст. Бо назардошти ин, мантиқан дуруст аст, ки шаҳри Душанберо шаҳсутуни устувори давлатамон медонем.
Гузашта аз ин, соли 2025 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда татбиқ гардида, 46 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе бо нишондиҳандаҳои устувор таъмин шуда, суръати афзоиши маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 8,3 фоизро ташкил дод ва буҷети шаҳр 22,2 фоиз барзиёд иҷро гардид. Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд ва суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 фоизро ташкил дод.
Ҳама шоҳиди он ҳастем, ки тайи нуҳ соли охир дар доираи иқдомҳои созандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷиҳати бо набзи замон мутобиқ намудани тамоми инфрасохтор корҳои назаррас, аз ҷумла сохтмон ва таҷдиди роҳҳои бисёрқабата, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, мавриди истифода қарор додани нақлиёти замонавии мусофирбари ҷамъиятӣ, роҳандозии низоми пардохтҳои электронӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, бахусус меҳмонхонаҳо, муассисаҳои таълимию тиббӣ, маҷмаа ва майдончаҳои варзиш, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, амалӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф хоса буда, ин ҷавонмарди масъулиятшиносу поквиҷдон бо меҳвар қарор додани суханони Пешвои миллат - «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад» ба дастовардҳое ноил шуданд, ки дар таърихи пойтахти мамлакат назир надоранд. Агар дастовардҳои соҳаи маорифи кишварро тайи солҳои охир бозгӯӣ намоем, пас вусъат ёфтани бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав (гимназияву литсейҳо), ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва роҳандозии барномаи электронии «eDonish» аз ҳамон ҷумлаанд.
Барои мисол, соли 2025 дар шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимӣ барои 19 ҳазор хонанда ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 тарбиягиранда сохта ба истифода дода шуд.
Ба ғайр аз ин, 95 муассисаи томактабии пойтахт ба барномаи «Kudak.tj» пайваст шудаанд. Ин иқдом имкон фароҳам овардааст, ки бақайдгирӣ, идоракунӣ ва ҳамкории муассиса бо волидайн таври шаффоф ва самаранок ба роҳ монда шавад.
Ҳамасола ташкил ва баргузории олимпиадаҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм», озмунҳо барои ноил шудан ба номи пуршарафи гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистону Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, дигар озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ, аз қабили «Китоб - сарчашмаи рушди тафаккур» (байни мураббиёну омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ), «Беҳтарин кабинети методӣ» (миёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ), «Доноякон» (сабқати тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ) ҷузъе аз фаъолияти маорифмеҳвари муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳисоб мераванд.
Натиҷаҳои даври ниҳоии олимпиада аз фанҳои таълимӣ низ арзандаи ситоиш мебошанд. Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 шаҳодати он аст, ки иштирокчиёни он аз шаҳри Душанбе пешсафанд.
Барои ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмию амалӣ, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ панҷ сол аст, ки дар шаҳри Душанбе олимпиада аз фанни технология доир мешавад. Ин таҷрибаи нахустин дар кишвар буда, барои касбинтихобкунии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳамчунин, бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм», «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ» баргузор шуда, дар муддати кӯтоҳ маҳбубияти зиёд пайдо кардаанд.
Мо - аҳли маориф ба дастовардҳои мазкур иктифо накарда, дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозӣ ба иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вазифадорем рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем. Ҳамон тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд: «Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал, бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки, воқеан, миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».
Баҳром Исмоилзода,
сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
Ҳамчунин дигар маводҳо:
