https://sadoimardum.tj

Вақте қавлу амал як аст...

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:28
4

Шаҳри Душанбе чун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳан­бунёди тоҷик, боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат аст. Ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешии бетаъхири муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе имрӯз дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмурию истиқоматии бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободонию сабзкорӣ, тозагию зебоӣ гардидааст.

Соли 2017 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки он ҳамчун идомаи тадбирандешиҳо ҷиҳати рушди устувори иқтисодию иҷтимоии пойтахт барои таҳияи нақшаю барномаҳои наву муассири таъминкунандаи пешрафту тарақ­қиёти бемайлон шароити созгор фароҳам овард. Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳолии пойтахт, ташкили фаъолияти босамари сохторҳои давлатию хусусӣ, бунёди иншооти мухталиф, беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таҳия ва пешниҳод намудани «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт барои давраи то соли 2025» зарур шуморида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Пешвои миллат барои дастгирию таваҷҷуҳи пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки барои ободию пешрафти пойтахти мамлакат бетаъхир тадбир меандешанд. Бо гузашти вақти на он қадар зиёд муҳтарам ­Рус­тами ­Эмомалӣ ба шарофати сармашқи кор қарор додани дастуру ҳидоят ва насиҳатҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷанбаҳо ком­ёб гардиданд. Маҳз дар ин замина обрӯю эътибори муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ боз ҳам афзуд ва дар ниҳоди сокинони мамлакат эътимоду боварӣ ба ӯ мустаҳкамтар гардид, зеро дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гардиданд ва муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ бо пиндору гуфтор ва рафтори намунавӣ дар қалби мардум маъво ёфтанд.

Баргузории фестивалу чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалии «Наврӯзи Душанбе», «Оби Душанбе», «Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», «Душанбе - шаҳри имконоти рушди кӯдакон», «Шукуфаҳои пойтахт» ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд, ки бо ташаббуси муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ барои ­муаррифии ­шоистаи кишвар ва ҷалби бештари сайёҳон амалӣ гардиданд, ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надоранд.

Қавлу амали муҳтарам Рустами Эмомалӣ як аст. Дар ин замина, ибтикори зарурӣ амалӣ ва мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, пойтахти мамлакат беш аз пеш рушд кард. Шаҳри Душанбе мақому рисолати худ - таҷаллии симои давлату миллатро дарёфт. Роҳандозию татбиқи чунин ташаббусу иқдомҳои азими созандагию бунёдкорӣ дар давраи роҳбарии муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ тамаддунсозу соҳибфарҳанг ва созандаю бунёдкор будани миллати тоҷикро бори дигар собит намуд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: