https://sadoimardum.tj

Дастпарвари содиқу вафодор

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:40
0

Дар вазъи мураккабу пуртазод ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир побарҷо нигоҳ доштани низоми сиёсию иҷтимоӣ, таҳ­кими аркони давлату давлатдорӣ, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии марзу бум ва таъмини рушди босуботи иқтисодии мамлакат кори осон нест.

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол хуб медонад, ки ин ҳама амнияту осоиш ва зиндагии шоиста танҳо ба шарофати сиёсати хирадмандона, заҳматҳои пайвастаю мушкилнописанд ва талошҳои ватанхоҳонаи шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссарамон гаштааст.

Самараи истифодаи дурусти сиёсати давлатӣ аз захираҳои инсонист, ки шахсиятҳои дорои зарфиятҳои барҷастаи зеҳнию ҷисмонӣ дар идоракунии давлатӣ рӯи кор омадаанд ва мисоли равшани он Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд. Зиндагӣ нишон дод, ки ин шахсият, чун дастпарвари содиқу вафодор ва собитқадами мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат, дар ҳама зинаҳои фаъолият масъулият­шиносӣ, поквиҷдонӣ ва ташаббускориро меҳвари асосии фаъо­лияти худ қарор дода, ба дастовардҳои нодиру рӯзафзун ноил гардид.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии оқилонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ самарабахш фаъолият дорад. Бо сарварии роҳбари ҷавону бохиради худ Маҷлиси миллӣ дар тавсеаи фазои ҳуқуқии кишвар, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеаи ҳуқуқ­бунёду дунявӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқии рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва некуаҳволии мардум, инчунин, густариши парламентаризм ва баланд бардоштани обрӯву мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузошт.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ шахсан ташаббускори таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» гардиданд, ки барои тақвияти тарбияи ватандӯстии насли навраси меҳан нақши камназир дорад.

Ҳамчун роҳбари ҷавону муваффақи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар низ нуфузу эътибори хосаро соҳибанд. Бар асоси роҳбарии оқилонаи муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ бесобиқа рушду тавсеа ёфтанд. Сафарҳои расмии Раиси Маҷлиси миллӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои дӯсту ҳамҷавори Туркманистон, Чин ва Эрон, иштирок ва суханрониҳо зимни ҳамоишҳои байналмилалӣ, ифодагари намояндагӣ, муаррифии шоистаи ҷумҳурӣ ва ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ дар баррасии масъалаҳои рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ мебошанд.

Бо ибтикори бевоситаи муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ сатҳи робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ бо парламентҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон, мақомоти қонунгузор ва намояндагии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сатҳи комиссияҳои доимӣ оид ба ҳамкорӣ баланд бардошта шуданд, ки ба густариши ҳамкориҳои судманд ва таҳкими равобити дӯстии миёни мардумони ин кишварҳо низ такони тоза бахшид.

Баргузории Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки бо ташаббуси бевоситаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10-11 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони парламентҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Туркманис­тон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳузури зиёда аз 240 меҳмони хориҷӣ доир гардид, барои тавсеаи муколамаи байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи дастовардҳои парламентаризми миллӣ хизмат намуд.

Дар доираи иқдомҳои созандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати бо набзи замон мутобиқ намудани тамоми инфрасох­тори шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти бунёдӣ амалӣ шуданд. Бо татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок дар самти беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои бисёрқабата, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, мавриди истифода қарор додани нақлиёти замонавии мусофирбари ҷамъия­тӣ, аз ҷумла автобусҳои дуошёна ва барқӣ, роҳандозии низоми пардохтҳои электронӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли неруи барқ, зерист­гоҳҳои барқӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, сохтмони иншооти иҷтимоӣ - меҳмонхонаҳо, муассисаҳои таълимию тиббӣ, маҷмаа ва майдончаҳои варзиш, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои пойтахти кишвар зеботар ва сатҳи зиндагии сокинону хизматрасонӣ ба меҳмонон куллан беҳтар гардид.

Танҳо дар ҳамин давра Душанбе бо 7 шаҳри ҷаҳон, аз ҷумла Чиндао, Ашқобод, Остона, Боку, Исломобод, музофоти Хайнан ва Давҳа, муносибатҳои бародаршаҳриро роҳандозӣ намуд.

Тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ имкон доданд, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз зеботарин ва сарсабзтарин пойтахтҳои дунё ва макони дӯстдоштании сокинони кишвар ва сайёҳони сершумори хориҷӣ табдил ёбад.

Дар як муддати кӯтоҳ бо кордонию фаросати баланди сиёсӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавонистанд бо такя ба донишу таҷрибаи роҳбарии андӯхта пойтахти мамлакатро ба шаҳри умеду орзуҳо, шаҳри сабзу шаҳри гулҳо, маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ, дар маҷмуъ, ба муваффақиятҳои беназири иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ ноил созанд.

Ташаббусу иқдомоти созанда ва ҷасорату хастагинопазирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ далели онанд, ки ӯ дорои қобилияти баланди идоракунию роҳбарӣ, парвардаи воқеӣ ва содиқу вафодори мактаби сиёсию созандаи Пешвои муаззами миллатанд.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: