https://sadoimardum.tj

Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»

Ҳифзи пиряхҳо

№:46-47 (5098-5099), 22 апр 2026, 17:22
9

ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ НОГУЗИР АСТ!

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид як қатор ташаббусҳои муҳим қабул гардидаанд, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Аввалин ибтикор дар ин самт эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» буд. Ин иқдом барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мусоидат намуд.

Баъдан, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардид. Ҳадафи эълони ин даҳсола беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тоза ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум буд. Соли 2013 бошад, «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» эълон шуд, ки ин иқдом ҳамкории кишварҳоро дар истифодаи одилона ва устувори захираҳои обӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид намуд. Имрӯз низ ин раванд дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷараён дорад.

Дар шароити гармшавии глобалӣ пиряхҳо босуръат об мешаванд ва ин ҳолат ба захираҳои обии ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Бо назардошти ин, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардид. Иқдомҳои мазкур ба таҳқиқи пиряхҳо, омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ва дарёфти роҳҳои ҳифзи онҳо равона шудаанд. Ҳамчунин, аз соли 2025 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мегардад.

Дар сиёсати дохилӣ мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мадди назаранд. «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» далели ин гуфтаҳост. Ҳамзамон, татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои баланд бардош­тани шуури экологӣ ва масъулияти шаҳрвандон саҳми бевосита дошт.

Шояд, аксарият медонанд, ки ҳангоми обшавии пиряхҳо таркиби химиявии об тағйир ёфта, эҳтимоли зиёд шудани ифлоскунандаҳо ва моддаҳои зараровар мегардад. Ин ҳолат ба сифати оби нӯшокӣ таъсири манфӣ расонида, хатари бемориҳои вобаста ба обро зиёд менамояд. Илова бар ин, обшавии пиряхҳо ба камшавии истеҳсоли неруи барқ низ боис мегардад. Дар соҳаи кишоварзию нақлиёт низ таъсири обшавии пиряхҳо чашмрас хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки коҳиши истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили офтоб, шамол ва чашмаҳои гарм, метавонад ба коҳиши партови газҳои гулхонаӣ мусоидат намуда, раванди гармшавии иқлимро суст намояд. Ин, дар навбати худ, барои ҳифзи пиряхҳо аҳамияти калон дорад. Дар ин ҳолат татбиқи иқтисоди «сабз», рақамӣ ва даврӣ зарур аст. Иқтисоди «сабз» ба истифодаи устувори захираҳо равона шудааст. Иқтисоди рақамӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ самаранокиро баланд мебардорад. Иқтисоди даврӣ бошад, ба коркарди такрорӣ ва кам кардани партовҳо мусоидат мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ин моделҳо метавонад ба ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат намояд, ки аҳамияти стратегӣ дорад. Дар ин росто, вусъат бахшидани тадбирҳои сабзкорӣ ва хуррамгардонии экосис­темаҳои ҷангал дар нигоҳ доштани мувозинати экологӣ, таъмини захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии обшавии пиряхҳо нақши муҳим бозида, баҳри таъмини ояндаи дурахшони инсоният муфид аст.

Барои пешгирии обшавии пиряхҳо дар Швейтсария, Италия, Олмон ва Австрия истифодаи пӯшишҳои маводи инъикоскунанда ва геотекстилҳо роиҷ аст. Маводи инъикоскунанда, одатан, ранги сафед дошта, аз матоъҳои синтетикӣ ё плёнкаҳои махсус сохта мешаванд. Геотекстилҳо бошанд, матои махсуси устувор мебошанд. Дар пиряхҳои азими кишварҳои мазкур ҳамасола дар фасли тобистон қисмҳои муҳим бо матоъҳои сафед пӯшонида мешаванд, ки боиси 50 - 60 дарсад коҳиш ёфтани раванди обшавии босуръати онҳо шудааст.

Усулҳои мазкур барои ҳифзи пиряхҳои ҷумҳурии мо низ мувофиқ буда, татбиқи чунин усулҳо заруру ногузиранд.

Самариддин МИРЗОЕВ,

унвонҷӯи ДМТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: