Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон
Бисту якуми апрели соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026“ ва „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод шуданд.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ“, „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии „Чернобил“ зарар дидаанд», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи омори давлатӣ“ ва „Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи стандартонӣ“ барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар ҷаласаи шуро, ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳо «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ ҷиҳати такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи сирри давлатӣ“ ва „Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ вобаста ба рафти иҷрои „Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030“ қарорҳо қабул шуданд.
Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум“ қарор қабул кард.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
