https://sadoimardum.tj

Дар 20 рӯз нақша 89,1% иҷро шуд

№:48-49 (5100-5101), 24 апр 2026, 16:15
6

Иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар то 20-уми апрели соли равон ба 89,1 фоиз расид.

Тибқи иттиллои Вазорати мудофиа, дар ин давра иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 78,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76,7 фоиз иҷро шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Тоҷик­о­бод, Лахш ва Нуробод, инчунин, ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъватро дар рӯзи якум пурра иҷро намуданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ оғоз гардид.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ даъват мегарданд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудааст, ки хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист.

Даъвати ҳарбии муҳлатнок дар як сол ду маротиба - аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: