https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Япония

№:68 (4964), 29 май 2025, 14:25
5

27-уми майи соли 2025 мулоқоти муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикис­тону Япония Шариф Ҳакимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кэйко доир шуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Япония 2 феврали соли 1992 барқарор шуда, тайи ин солҳо бомаром таҳкиму тавсеа ёфт.

Рӯйдоди муҳим ва таҳрикбахши муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония ба шумор меравад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаю ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ заминаи боэътимод ба вуҷуд овард.

Аз он қаноатмандӣ шуд, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро беш аз 60 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд. Таъкид гардид, ки самаранокии муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз муносибатҳои байнипарламентӣ низ вобастагӣ дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Япония соли 2008 таъсис ёфта, баҳри рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ фаъолияти назаррас дорад.

Робитаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистону Япония дар таҳкиму суботи иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии ҳар ду кишвар нақши муҳим мебозанд.

М. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: