https://sadoimardum.tj

Китобхонаҳои маҳал

№:69 (4965), 30 май 2025, 15:58
7

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки...

Ҳарчанд солҳои охир дар мамлакат барои рушди фаъолияти китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт корҳои назаррас анҷом ёфта бошанд ҳам, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти китобдорӣ, хоса дар фаъолияти китобхонаҳои навоҳии кишвар, баъзе мушкилоте мавҷуд аст, ки ҳалли бетаъхир мехоҳад. 

Аслан, китобхонаҳои кишвар ҳоло дар тобеияти мақомоти маҳаллианд. Яъне, маблағгузорӣ барои таъмини китоб, даст­расии матбуоти даврӣ, маоши кормандон, таъмири биноҳо, хариди васоити техникии муосир ба мақомоти маҳаллӣ вогузор шудааст. Аммо ба маълумоти дастрас ғайр аз маош ва қисме аз хароҷот ба самти дигари китобхона, хусусан таъмир ва харидани китобҳои нав аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ қариб, ки маблағ ҷудо намегардад. Агар ҷудо гардад ҳам, он хеле кам буда, барои пурра бартараф намудани мушкилоти зикр­шуда кофӣ нест.

Ба хазинаи китобхонаҳои низоми фарҳанги вилояти Суғд ҳамасола адабиёти нав ворид ва бинои китобхонаҳо низ камубеш таъмир мегарданд. Бо вуҷуди ин, ҳоло аз 362 китобхонаи вилоят 50-тои он ба таъмир ниёз дошта, 3 китобхона-филиал, аз ҷумла №3-и шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон, №8-и деҳаи Хайрободи ноҳияи Зафаробод ва №15-и ҷамоати ба номи Ортиқови шаҳри Конибодом, дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Масъулон нақша доранд то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мушкилоти мавҷударо пурра бартараф созанд. Онҳо нақшаи худро то куҷо амалӣ месозанд, вақт нишон хоҳад дод.

Тавре аз суҳбати телефонӣ бо корманди раёсати фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шаҳноза Давлатова бармеояд, дар шаҳру навоҳии вилоят 182 китобхона фаъолият мекунад. Соли 2024 бисёр китобхонаҳои минтақа ба адабиёти тоза таъмин гаштанд. Агарчӣ китобҳо қисман харидорӣ шуда бошанд ҳам, (қисме аз муассисаҳои давлатӣ ва қисми дигар аз тарафи шахсони алоҳида ба китобхонаҳо ҳамчун туҳфа ворид шудаанд) ба ҳар сурат, ин муждаи нек аст. Муждаи неки дигар ин аст, ки ҳоло сохтмони китобхонаи бачагонаи вилоятӣ ва китобхонаи марказии шаҳри Хоруғ ҷараён дошта, тибқи нақша моҳи июни соли равон ба рӯи дӯстдорони адабиёт дар боз хоҳанд кард.

Аммо тибқи иттилои пешниҳодшуда, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ барои 25 китобхонаи ноҳия дар соли 2024 умуман маблағ ҷудо накардааст. Албатта, ба баъзе китобхонаҳои ноҳия адабиёт ворид шудааст, вале аз ҷониби Китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва хеле кам, ҳамагӣ 30 нусха. Агар масъулони ноҳия ба масъала дар соли сипаришуда ва солҳои пештар ҷиддӣ муносибат мекарданд, шояд имрӯз 3 китобхонаи ноҳия то ҳолати садамавӣ омада намерасид. Ҳоло 3 филиали китобхонаҳои дигари ноҳия, ки дар деҳаҳои Раванд, Рав, Гишхун ҷойгиранд, ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Мутаассифона, чунин китобхонаҳои таъмирталабу садамавиро дар ноҳияи Дарвоз низ метавон вохӯрд. Чанде аз китобхонаҳои ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа низ ба таъмир ниёз доранд.

Саодат Раҷабзода, мутахассиси раёсати фарҳанги Мақомоти иҷ­роияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ба мо иттилоъ дод, ки соли 2024 барои хариди китобҳои тозанашр аз ҳисоби буҷаи маҳал, дар маҷмуъ 225307 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин муддат китобхонаҳои вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Панҷ, Хуросон, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Данғара ва Шамсиддин Шоҳин китобҳои тозанашр хариданд. Мавриди зикри хос аст, ки давоми даҳ соли охир дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Хуросон, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ китобхонаҳои нав сохта ба истифода дода шуданд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳоло 27 китобхонаи минтақа ба таъмири асосӣ ниёз дошта, чанде дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: