https://sadoimardum.tj

Минтақаи Кӯлоб. Таъмири 120,76 км роҳ бо харҷи зиёда аз 75 млн. сомонӣ

№:69 (4965), 30 май 2025, 16:07
14

Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат дорад. Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯсту хештаншинос роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардида истодаанд. Сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Кӯлоб Бобоёр Бобоёрзода иттилоъ дод, ки дар чор моҳи аввали соли 2025-ум идораи роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб якҷо бо сокинони маҳаллӣ беш аз 30 километр роҳро шағалпӯш намуданд. Инчунин, 3 пули мошингузар ба масофаи 44 метр таъмири ҷорӣ шудааст. 

Ҳамчунин, дар роҳи Гулистон – Фархор марҳилаи якум ба масофаи 29,5 км, Данғара – Гулистон ба масофаи 50 км корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд. Бо ёрии соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар деҳоти Турдии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 14 км ва дар деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб 1,2 км роҳ асфалтпӯш гардид. 

Дар роҳҳои деҳоти Хуросон ва Зафари ноҳияи Фархор низ бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Б. Бобоёрзода афзуд, ки соли гузаш­та соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо истифода аз техникаҳои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳия­ҳо 42,5 километр роҳро бо харҷи 955 ҳазору 200 сомонӣ сангфарш ва 78,26 километрро бо сарфи 73 миллиону 687 ҳазор сомонӣ мумфарш намуданд. Инчунин, 9 пул ба дарозии 110 метр бо сарфи 839 ҳазор сомонӣ таъмиру навсозӣ гардидааст. Дар маҷмуъ, 120,76 километр роҳ бо харҷи 75 миллиону 481 ҳазору 200 сомонӣ таъмир шудааст. 

Тибқи иттилои номбурда, алҳол дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 2454 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошанд, ки 318 км дорои аҳамияти байналмилалӣ, 427 км ҷумҳуриявӣ ва 1708 километр дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: