Суҳбати Мавсума Муинӣ бо ҳайати Шоҳигарии Белгия
29-уми майи соли 2025 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Президент - мудири иҷроияи маҷаллаи «Diplomatic World», ҳаммуассиси Институти «Diplomatic World» Барбара Дитрих ва мудири барномаи «Diplomatic World» Алберто Тукстра мулоқот намуд.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро яке аз шарикони муҳими худ медонад. «Мо аз Иттиҳоди Аврупо барои кумакҳои пайвастааш дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва дипломатияи об, изҳори сипос менамоем», - гуфт М. Муинӣ.
Бояд зикр намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия 29 апрели соли 1992 барқарор шуда, ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар соли 2024-ум 12,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Шоҳигарии Белгия гурӯҳи дӯстӣ фаъолият дорад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор дода, ба зарурати таъмиқи он ишора намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як шумораи маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic World» пурра ба инъикоси дастовардҳои кишвари мо бахшида шуда буд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:




