https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши муҳим

Абумансури Мотуридӣ кӣ буд?

№:70 (4966), 02 июн 2025, 16:53
6

Абумансури Мотуридӣ аз бузургтарин мутафаккирони тоҷик дар қарни X ба шумор рафта, ҳаёту фаъолияти ӯ дар Самарқанд сипарӣ шудааст. То имрӯз мактаби таъсисдодааш бо номи «Мотуридия» яке аз бузургтарин ҷараёнҳои илоҳиётшиносӣ ва ақидавӣ миёни аҳли суннат ва ҷамоат ба шумор меравад ва дар дунё пайравони зиёд дорад. Ин нукта зимни баргузории конференсияи байналмилалии «Абумансури Мотуридӣ - асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ» 27-уми майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон зикр шуд.

Конфронс ба хотири 1155-солагии ин мутафаккири абадзинда ва гиромидошти хидматҳои мондагори ӯ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд. Дар он як зумра сиёсатмадорон, олимони шинохта, муаррихон, муҳаққиқону донишмандони олами ислом иштирок ва маърӯза намуданд. 

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масълаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода таҷлили солгарди мутаккалимро иқдоми муҳим, эҳтиром ба таърихи маърифат ва паёме ба ҷаҳони муосир арзёбӣ кард. Аз ҷумла гуфт: «Дар маркази таълимоти Мотуридӣ шинохти инсон ҳамчун мавҷуди озоду масъул қарор дорад. Ӯ ба ин ақида буд, ки инсони боақлу виҷдон метавонад ба ҳақиқат расад ва дар доираи шариат озодона амал намояд. Аз ин дидгоҳ донишманд ба таассуб ва зоҳиргароӣ шадидан мухолифат намуда, тафсири ахлоқии шариатро тарҷеҳ додааст. Дар шароите, ки ҷаҳони имрӯзаро нофаҳмиҳо, ифротгароӣ ва бархӯрди арзишҳо фаро гирифтааст, бозгашт ба таълимоти муътадил, маърифатмеҳвар ва ақлонӣ, чун таълимоти Абумансури Мотуридӣ, аз нигоҳи сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ аҳамияти муҳим дорад».

Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази исломшиносӣ, хусусияти мондагори таълимоти Мотуридиро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки дар замони худ зидди андешаҳои терро­ристӣ-экстремистӣ ва хурофотпарастӣ мубориза бурда, аз нигоҳи фалсафӣ ва мантиқӣ андешаҳои онҳоро ботил сохтааст. 

Муҳаққиқон таъкид намуданд, ки Мотуридӣ на танҳо мутакаллими мазҳабӣ, олиме буд, ки ирфон, фалсафа, тафсир, ҳадис ва қонуни шариатро бо назари фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҳамоҳанг намудааст. Осори ӯ, аз ҷумла «Китоб-ут-тавҳид» ва «Панднома», аз далелҳои возеҳи ин мулоҳиза мебошанд. 

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: