Қадри баланд аз хоксорӣ
Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ аз зумраи олимони варзидаи кишвар буда, тӯли солҳои зиёд бо заҳмати софдилона ва созандаи хеш унвонҳои баланди илмӣ - доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор ва академикро соҳиб шудааст. Ӯро дар ҷумҳурӣ ҳамчун бунёдгузори мактаби илмӣ ва таълимии соҳаи парандапарварӣ мешиносанду қадр мекунанд.
Хатмкарда-аълочии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) ва аспирантураи Академияи кишоварзии ба номи К.А. Тимирязеви Федератсияи Россия буда, дар бахши илми парандапарварии ҷумҳурӣ дар Пажӯҳшгоҳи чорводории Тоҷикистон аз вазифаи озмоишгар то муовини директор оид ба корҳои илмӣ фаъолият намудааст. Дониши хубу малакаи касбӣ, қобилияти баланди таҳқиқу таҳлилгарӣ ва ташкилотчиаш боис гардид, ки ба вазифаҳои пурмасъул таъин гардад. Аз соли 1998 то соли 2008 дар вазифаҳои котиби илмӣ, сардори раёсати илмию ташкилии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) ва аз соли 2008 то соли 2017 дар вазифаи саркотиби илмии академия фаъолият намуд. Аз соли 2018 то имрӯз вазифаи мушовири президенти АИКТ-ро ба зимма дорад. Чун тарбияи мутахассисону олимони ҷавонро вазифаи муқаддаси худ мешуморад, солҳои тӯлонист дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ба донишҷӯён сабақ меомӯзад.
Фаъолияти илмии Д. Комилзода бахши селексия, технология ва хӯрондани парандаҳои кишоварзиро фаро мегирад. Бо ташаббуси ӯ дар Институти чорводорӣ аввал озмоишгоҳ ва сипас шуъбаи илмӣ доир ба парандапарварӣ, дар назди факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷкистон ба номи Ш. Шоҳтемур ихтисоси «зоотехник-парандапарвар», инчунин, кафедраи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ таъсис ёфт.
Омӯзиш, таҳия ва дар амал ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, таҷрибаву технологияи пешқадами соҳа дар меҳвари таҳқиқоти ин олими пурмаҳсул қарор дорад. Дар натиҷаи таҳқиқоти тӯлонӣ бо роҳбарӣ ва иштироки ӯ 3 дурагаи мурғони сертухм ба вуҷуд оварда шуд, 5 дурагаи сермаҳсули мурғон, мурғобию мурғи марҷон ва 3 зоти бедона муайян ва дар истеҳсолоти хоҷагиҳои парандапарварии ҷумҳури татбиқ гардиданд. Бо роҳнамоии олим, инчунин, технологияи самараноки парвариши чӯҷаҳои мурғу мурғобӣ, тартиби нигаҳдории мурғони сертухм ва беҳтар намудани сифати тухми онҳо тарҳрезӣ гардид. Дар натиҷа, бори аввал дар ҷумҳурӣ хӯрокҳои ғайрианъанавии серсафедаи маҳаллӣ аз зироати ғалладонагӣ (чойҷуворӣ, третикале) ва иловаҳои маъдандор (бентонит, палигорскит ва оҳаксанг) омӯхта шуда, меъёрҳои самараноки истифодаи онҳо дар вояи хӯроки чӯҷаю мурғон ва бедонаҳо таҳия шуд, ки имрӯз хоҷагидорон ба таври васеъ истифода менамоянд. Бо роҳбарии ӯ, ҳамчунин, таҳқиқот оид ба муайян намудани зотҳои сермаҳсули кабк ва технологияи самараноки парвариши он, меъёри самараноки истифодаи орди кирмаки пилла дар ғизои бедонаҳо анҷом ёфтаанд.
Баҳои ниҳоӣ ва боздеҳи кори муҳаққиқ аз рӯи татбиқи ихтироот дар истеҳсолот муайян мегардад. Натиҷаи корҳои илмии академик Д. Комилзода имрӯзҳо дар фермаву хоҷагиҳои парандапарварӣ ва деҳқонии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар амал васеъ татбиқ шуда, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо, бештар гардидани истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд. Мавсуф дар таҳияи лоиҳаи қонунҳои соҳавӣ ва барномаву стандартҳои рушди соҳа низ саҳми намоён дорад.
Академик Давлатҷон Комилзода дар тарбия ва омода намудани мутахассисону олимони ҷавон саҳми арзанда дорад. Бо роҳбарӣ ва ёрии методию амалии ӯ 11 номзаду доктор ва магистрҳо рисолаи илмӣ дифоъ намудаанд ва ҳоло 5 рисолаи илмии шогирдонаш барои дифоъ омода мебошад. Муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 310 асари илмӣ, аз ҷумла 7 китобу монография доир ба парандапарварию чорводорӣ ва 29 китобу дастурамалҳо оид ба зинаҳои рушди илми кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, мебошад.
Академик Д. Комилзодаро берун аз ҷумҳурӣ низ мешиносанд ва дастовардҳояшро эътироф мекунанд. Ӯ аввалин доктори илм ва академики соҳаи парандапарварӣ доир ба таҳия ва такмили технологияи саноатии истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Давлатҷон Комилзода узви раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ, шуроҳои илмии институтҳои чорводорию ветеринарӣ, муовини раиси шурои экспертӣ оид ба илмҳои кишоварзӣ ва байтории Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ, инчунин, раиси бахши илми кишоварзии шурои ҳамгунсозии ислоҳоти Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви шурои назорати илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик буда, дар корҳои фарҳангию ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд.
Ӯро ҳамчун олими варзида, инсони нексиришту хоксор ва ҳалиму меҳрубон дар ҷумҳурӣ, махсусан байни олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, хеле хуб мешиносанду эҳтиром менамоянд. Заҳматҳои олим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоиста қадрдонӣ шудааст.
Ҳоло Давлатҷон Комилзода чун кӯҳҳои сарбаланди Ватани азизамон устувор буда, баҳри рушди илму истеҳсолот ва тарбияи мутахассисон заҳмат мекашад.
Рустам ЛАТИФЗОДА,
Фазлиддин ИКРОМӢ,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:





