Омӯзгор, олим ва намояндаи мардум
Сарзамини биҳиштосои мо аз қадим то имрӯз шахсиятҳое офарид, ки бо бунёдкорӣ, осори гаронбаҳои илмию адабӣ, рафтору гуфтори намунавӣ, роҳбарии оқилонаю одилона ва ақлу фаросати воло дар дилу дидаи мардумон маъво гирифтаанд. Шодравон Муҳаммад Шодиён, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин зумра буд ва дар хотираи мардум ҳамин гуна боқӣ хоҳад монд.
Аз овони ҷавонӣ ҳамдигарро мешинохтем. Ёд дорам, вақте соли 1989 ба (филиали) ИДПД ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор омадам, бори аввал бо ҳам вохӯрдем. Ҳамчун омӯзгори кафедраи навтаъсиси забон ва адабиёти тоҷики умумидонишгоҳӣ дар факултети математика аз фанни мазкур ба донишҷӯён дарс медодам. Аз ҳамин ҷо ошноию ҳамкории ман бо Муҳаммад Шодиён оғоз гашт.
Аз он рӯзгорон солҳои зиёде сипарӣ шуд. Коллективи кучаки шуъбаи қӯрғонтеппагии ИДПД ба номи Т.Г. Шевченко имрӯз ба як донишгоҳи мустақил табдил ёфта, шумори кормандону омӯзгоронаш ба беш аз 600 нафар расидааст. Бештари омӯзгорони ҷавони он давра ба қуллаҳои баланди илмӣ расида, дар донишгоҳ, дигар муассисаҳои илмӣ ва дар соҳаҳои гуногун босамар фаъолият доранд. Шодиён Муҳаммад Султонзода низ дар роҳи илм ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Аз доктори илмҳои педагогӣ, профессор то ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон сабзид.
Ӯ дар русто ба дунё омадаю овони тифлию наврасии худро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Шавқу рағбат ба илмҳои риёзӣ боис гардид, ки пас аз хатми мактаби миёна, соли 1982, таҳсилро дар ихтисоси математика-физикаи факултети математикаи шуъбаи (филиал) қӯрғонтеппагии ИДПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) идома диҳад. Таҳсил ва хатми боргоҳи илм, инчунин, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боис шуд, ки Муҳаммади ҷавон ба ҳаёти ҷомеа чун шахси соҳибмаълумоту дар имтиҳони зиндагӣ обутобёфта ворид шавад.
Аз таҳлилу баррасии илмҳои ҷомеашиносӣ, педагогика ва психология маълум мешавад, ки одамон зода ва парвардаи одамонанд, яъне, аз модар одам таваллуд мешаванд, на шахсият. Дар баробари ин, илм исбот намудааст, ки таҷрибаи сиёсӣ, ҳаётӣ ва маданию маънавӣ ҳам модарзодӣ нестанд.
Пас аз хатми институт бо роҳхати Вазорати маориф дар кафедраи геометрия ва усули математика ба сифати омӯзгор ба фаъолият оғоз намуд. Солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва вазъи бади иқтисодӣ на ҳар омӯзгор хоҳиши дар соҳа фаъолият кардан дошт. Аммо ӯ аз пешаи омӯзгорӣ даст накашид. Ҳамин устуворӣ дар ҷодаи омӯзгорӣ ва дилбастагӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ боис гардид, ки соли 1994 дар кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва таҳлили функсионалии ДМТ коромӯз шавад. Баъд аз коромӯзии яксола ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дохил шуда, рисолаи номзадиашро бо номи «Ҷудошавандагии операторҳои Штурм-Лиувил ва Шрёдингер дар фазои векторфунксияҳои бо вазнинтегронидашаванда» бо роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Камолиддин Бойматов соли 2000-ум бомуваффақият ҳимоя намуд ва ба дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физика-математика шарафёб шуд. Соли 2016 мавзуи «Тарбияи ахлоқии хонандагон дар ҷараёни омӯзиши таърих ва методикаи таълими математика дар партави ғояҳои донишмандони асримиёнагии форсу тоҷик»-ро таҳқиқ намуда, рисолаи докторӣ дифоъ кард ва доктори илмҳои педагогӣ гардид. Соли 2017 ба ҳайси профессори кафедраи методикаи таълими математика пазируфта шуд.
Заҳматҳои илмию методӣ ва таҳқиқотии профессор М. Шодиён дар панҷ китоби дарсӣ, бист дастури таълимию методӣ ва зиёда аз сад мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ инъикос ёфтаанд.
Мавсуф аз зинаи омӯзгорӣ (аз соли 1989), декани факултети математика (2005), директори маркази компютерӣ (2008), ноиби ректор оид ба иқтисод (2008), директори маркази таҳсилоти ғоибона (2009-2012) то ба дараҷаи ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2012-2020) фаъолияти пурсамар дошт.
Зиндагӣ ва кору пайкори ибратбахшаш гувоҳи онанд, ки ӯ ҳамаи вазифаҳои бар дӯш доштаашро софдилонаю оқилона иҷро намудааст.
Роҳбари ободгару бунёдкор буд. Бо ташаббуси ӯ соли 2016 бинои нави факултети таърих ва ҳуқуқ, соли 2017 бинои нави факултети педагогика ва варзиш бо иштироки Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ифтитоҳ гашт. Пас аз ин, лоиҳаи бунёди бинои китобхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шуд, ки он айни замон бо ҳамаи шароит мавриди истифода қарор дорад.
Дар урфият мегӯянд, ки роҳбари воқеӣ аз модар таваллуд намешавад, балки дар ҷомеа ба камол мерасад. Барои ин гуна ашхос таҷрибаи рӯзгор, панду ҳикмат, муҳит ва вазъи ҷомеа, равандҳои гуногун дар ҳаёти кишвар, муносибати шаҳрвандон ва тарзи зиндагии мардум мактаби бузурги тарбия мегардад. Ин мактаби бузурги тарбия имкон дод, ки бо роҳбарии ӯ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар сафи муассисаҳои пешқадами таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷой гирад ва ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар густариш диҳад.
Моҳи марти соли 2019 дар донишгоҳ бинои нави факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ҳамчунин, дар кӯчаи Дӯстии халқҳо маҷмааи варзиш бо 5 ҳазор ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода шуд.
Зиндаёд Муҳаммад Шодиён дар замони ректори донишгоҳ будан дар даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (солҳои 2015-2020) аз ҳавзаи интихоботии Заргар №16 вакил интихоб гардид ва дар ин давра дар қабули қонунҳо ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон саҳми назаррас гузошт. Баъдтар, (соли 2020) аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Кӯшониён №27 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардад.
Моҳи январи соли 2025 дар маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва бо гирифтани бештари овозҳо вакил интихоб гашт. Бо донишу малака ва таҷрибаи бадастовардааш дар қабул ва муҳокимаи қонунҳои муҳиме, ки дар рушди иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат менамоянд, то вопасин рӯзи ҳаёташ саҳми арзандаву шоиста гузошт.
Хидматҳояш бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла медалҳои «Барои хизмати шоёни ҳарбӣ» (1986), «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), «Хизмати шоиста» (2023) ва нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2003), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2019), ифтихорномаҳои раёсати ҲХДТ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
Аз моҳи марти соли 2025 раисии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавононро ба зимма дошт.
Ин меҳрнома доир ба ҳаёту фаъолияти рафиқи мушфиқ, ҳамкор, омӯзгор, олим, вакил ва ду даъват (2020-2025, 2025-2030) намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шодиён Муҳаммад Султонзода қарор буд дар 60-умин солгарди эшон интишор ва дар шакли маҷмуа ба дасти хонандагон мерасид. Афсӯс, марги нобаҳангом имкон надод, ки маҷмуа ҳини зиндагиашон интишор ёбад.
Ӯ, бешак, дар ёдҳои мо - шогирдону ҳамкорон ҳамчун инсони фозил, ҷавонмарди комил, ватандӯст, хайрхоҳ ва накукор боқӣ хоҳад монд.
Акбар НИЁЗӢ,
номзади илмҳои педагогӣ,
дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав
Ҳамчунин дигар маводҳо:
