https://sadoimardum.tj

Ҳар тори мӯ вафоям

№:129 (5181), 21 окт 2026, 11:09
3

Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри ХХ шоҳиди зуҳури як насли бедор, ҷасур ва миллатдӯст гардид, ки бо нигоҳи тоза, нафаси гарм ва ҷуръати хоси миллӣ вориди майдони сухан шуданд. Инҳо адибоне буданд, ки шеър­ро аз қолабҳои хушк берун кашида, ба он руҳи миллӣ ва эҳсоси баланди инсонӣ бах-шиданд. Маҳз дар ҳамин давраи таҳаввулоти фикрию адабӣ дар канори устодон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва Ғоиб Сафарзода шеъри марғуби Шоҳмузаффар Ёдгорӣ садо дод. Садое, ки то имрӯз дар гӯши замон ва дили дӯстдорони каломи бадеъ бо ҳамон ҷозибаи аввалинаш танинандоз аст.
Андешаи миллатсозӣ, инсондӯстӣ ва адолатхоҳӣ дар эҷодиёти ӯ ҷойгоҳи меҳварӣ дошт. Вақте сатрҳои зери-ни шоирро мехонем, дарси бузурги худшиносӣ ва ҳушёрию бедориро меомӯзем:
Халқи саодатёри мо бедор бод аз хобҳо,
Андар дилу дар чашмҳо пинҳон мабодо хашмҳо.
Зидди баду бадхоҳҳо афшурда бодо дастҳо,
Рахшад мисоли офтоб уммедҳо дар чашмҳо.
Ахиран, бо талоши фарзанди шоир Ориф Ёдгорӣ китоби тозанашре бо номи «Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар ёдҳо ва хотираҳо: Ҳар тори мӯ вафоям» ба зевари табъ ороста гашт, ки муҳаррири он Нависандаи халқии Тоҷикис­тон Абдулҳамид Самад аст. Ин маҷмуа на танҳо як армуғони дилписанд барои хонанда, балки як сана-ди муҳими адабию таърихист, ки симои воқеӣ, соҳибмактабӣ ва мақоми баланди ин инсони шарифро дар адабиёт ва журналистикаи тоҷик инъикос менамояд.
Маҷмуаи мазкур собит месозад, ки роҳи эҷодии Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳамвору осон набудааст. Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар мақолаи «Биё, эй дӯстам…» дар ин бора менависад: «Роҳи эҷоди Ш. Ёдгорӣ фарозу шеб дошт. Ӯ аз нас­ли адибони ҷавони хушкалому тозаҷӯ Лоиқ, Ғоиб Сафарзода, Ҳ. Файзулло буд, ки пас аз А. Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Қ. Киром, С. Ҳалимшо, Мастон бо сабку нигоҳи тозатар шеъри марғубтари саршор аз оҳангҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ гуфтанд».
Ин баҳогузории адиби маҳбуб нишон медиҳад, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар таҳаввули шеъри муосири тоҷик, бахусус, дар заминаи устувор кардани пояҳои ифтихори миллӣ, садоқат ба халқу Ватан ва огаҳию бедорӣ бахшидан ба мардуми хеш нақши муҳим доштааст. Услуби навишти ӯ сода, вале амиқ, равон, ҳамзамон, сар-шор аз дард ва ҷустуҷӯҳои фитрии инсон аст. Ӯ роҳи шеърро раҳи саҳлу осон намедонист, балки онро кӯраи им-тиҳони ҳаёт меҳисобид, ки дар он бояд бори ғами дигаронро бар дӯш кашид:
Агар гӯям:
Раҳи ман мебарад бар олами дилҳо,
Ки шояд кам кунам бо хандаҳои худ ғами дилҳо,
В-агар гӯям,
Дар ин раҳ кӯталу шеби фаровон аст,
Дар ин раҳ уфтодан, хестанҳо ҳаст,
Ҳазорон бор мурдан, зистанҳо ҳаст —
Ту бо ман меравӣ ё на?
Шарикам мешавӣ ё на?
Ин даъвати самимонаи шоир гувоҳи он аст, ки ӯ шеърро на барои худнамоӣ, балки барои давои ғами дилҳо ва ҳамсафарӣ бо инсонҳо менавишт.
Илова бар ин, дар шеъри машҳури худ «Мо даст ба дастем» шоир фалсафаи зиндагӣ ва хислати ҷавонмар-дии мардуми худро чунин таҷассум намудааст:
Мо мардуми покем,
Ба дил кина надорем.
Раҳгумзадаеро ба раҳ ҳайрон нагузорем.
Ҳар кас, ки чу дӯст омаду чун дӯст зи мо рафт,
Гӯем, ки ҷон омаду ҷон аз бари мо рафт.
Зодгоҳи адиб ва муҳити парвариши ӯ низ ҳамеша таваҷҷуҳи аҳли илму адабро ба худ мекашид. Олими машҳур ва муҳаққиқи соҳаи матбуот, шодравон Асадулло Саъдуллоев дар навиштаи худ «Шоири бедағдаға» ба як нуктаи ҷолиб ишора карда, сарчашмаи илҳоми шоирро аз забони устод Ҷалол Икромӣ чунин нақл менамо-яд: «Устод Икромӣ ҳамзамон аз муҳити эҷодӣ ва маҳали зисти Шоҳмузаффар ҳам ёд мекунанд, зодгоҳи ӯ - Каду-чиро (Кадучӣ деҳае дар ноҳияи Восеъ) ба Шероз монанд карда, «дар чунин ҷой шоир ё нависанда нашудан мум-кин не» гуфтаанд».
Ташбеҳ кардани зодгоҳи шоир ба Шероз собит месозад, ки на танҳо табиати афсункор, балки муҳити илму адабпарвари Кадучӣ ва хостгоҳи шахсиятҳои барҷастаи илму адаб будани он мавзеъ Ҷалол Икромиро ба ин хулосаи воқеӣ овардааст.
Бузургии ҳар як эҷодкор ва шахсияташ замоне боз ҳам барҷастатар мегардад, ки пас аз реҳлаташ дӯстону шогирдон, ҳамқаламону дӯстдорони адабиёт аз ӯ бо некӣ ва эҳтироми хос ёд мекунанд ва осорашро бо ишқу алоқа мехонанд. Дар китоби мазкур матлабҳои навиштаи адибону олимон ва рӯзноманигорон, аз ҷумла баро-дари хушзавқи шоир Нозир Ёдгорӣ, Хайрандеш, Сафар Амирхон, Мирзо Рустамзода, Шуҳрат Шоҳ, Нуруллоҳи Ориф, Нурмуҳаммад Табаров, Абдулқодири Раҳим, Ҷумахон Темурзода, Камоли Қурбониён, Раҷаби Мирзо, Фирӯзи Алишер ва фарзанди журналисти шоир Ориф Ёдгорӣ, ҷой дода шудаанд. Ҳар яке аз ин навиштаҳо гӯшае аз рӯзгори пурбаракат, ҷойгоҳи шоириву рӯзноманигорӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонии Шоҳмузаффар Ёдгориро равшан месозанд.
Аз мақолаҳои маҷмуа маълум мегардад, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳамеша пуштибони ҳақиқат ва ҳомии ҷа-вонони заҳматкашу боистеъдод будааст. Ба гуфтаи ҳамсафони ӯ, ҳуҷраи кории Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дарсхонаи сайқали маҳорати насли ҷавони қаламкаш ба шумор мерафт.
Китоби «Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар ёдҳо ва хотираҳо: Ҳар тори мӯ вафоям» ба мо имкон медиҳад, ки симои шоирро на танҳо аз рӯи осори меросгузоштааш ҷустуҷӯ намоем, балки аз нигоҳи ҳамқаламону шогирдонаш беҳтар бишиносем. Ӯ инсоне буд, ки ҳар тори мӯяш вафо ба Ватан, вафо ба шеър, вафо ба дӯстӣ ва вафо ба ор-монҳои миллии халқаш буд.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо дили саршор аз ишқу вафо зист, навишт ва аз худ меросе гузошт, ки бо гузашти солҳо арзиши он бештар мегардад. Мақолаҳо ва хотираҳои дар ин китоб гирдомада собит месозанд, ки номи шоир ва рӯзноманигори соҳибмактаб ҳеҷ гоҳ аз саҳифаҳои таърихи адабу фарҳанги тоҷик зудуда нахоҳад шуд.
Имрӯз, ки мо дар даврони соҳиб­истиқлолии кишвар зиндагӣ дорем, хондан ва омӯхтани рӯзгору ашъори чунин адибони ватандӯст барои насли ҷавон як дарси бузурги бедорӣ ва шинохти ифтихори миллист. Шеъри ӯ, ки даъват ба бедорӣ, худшиносӣ, расидан ба камоли инсонист, имрӯзу фардо низ дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдат ва меҳру муҳаббат хидмат хоҳад кард. Номи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ боқист, зеро каломи ӯ аз ҷинси нур, самимият ва вафост.

ВОРИС,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: