ВМКБ. Бунёди 120 иншооти саноатию муассисаҳои томактабӣ
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то охири соли равон 35 муассисаи томактабӣ барои 2000 кӯдак сохта шуда, то ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35–солагии Истиқлолияти давлатӣ боз 25 муассиса мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар ин хусус раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни машварати корӣ иттилоъ дод ва гуфт, ки дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноаткунонии босуръат соли равон дар назар аст, ки зиёда аз 60 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Танҳо дар панҷ моҳи соли равон 9 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Шуғнон, 8 коргоҳ дар ноҳияи Ванҷ, 7 иншооти соҳа дар ноҳияҳои Роштқалъаву Рӯшон ва 5 иншооти саноатӣ дар шаҳри Хоруғ расман ба қайд гирифта шуда, чунин нишондод давоми 34 соли Истиқлоли давлатии кишвар дар самти таҳкими соҳаи саноат беҳтарин ҳисобида мешаванд.
Роҷеъ ба тақвияти соҳаи боғдории вилоят низ қайд гардид, ки солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат он рушд намуда, то моҳи майи соли равон зиёда аз 70 га боғҳои нав бунёд ва зиёда аз 25 га боғҳои куҳна барқарор гардиданд. Дар ин самт ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон ва Рӯшон пешгом мебошанд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





