Дар шаҳри Душанбе маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Чанде пеш дар вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, байни мақомоти Тоҷикистон ва Эрон 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки яке аз онҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фанноваронаи байналмилалии муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёди раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз кишварҳои рушдёфта дар соҳаи фанноварӣ буда, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия ҳамкории зич дорад. Таъсиси маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон барои густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар соҳаи фанноварӣ мусоидат хоҳад кард.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





