https://sadoimardum.tj

Суғд. Рушди таҳсилоти томактабӣ муназзам аст

12 июн 2025, 08:30
5

Дар вилояти Суғд 284 муассисаи таҳсилоти томактабӣ беш аз 47 ҳазор кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Бо вуҷуди ин,  сатҳи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ қонеъкунанда набуда, масъулони вилоят нақша доранд дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022–2027» сатҳи фарогирии кӯдаконро то соли 2027 зиёд намоянд.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи таҳсилоти томактабии раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Тошматова, аз шумораи умумӣ 215 муассиса тобеи раёсату шуъбаҳои маориф, 57-то хусусӣ ва боқимонда тобеи корхонаҳои гуногун мебошанд. Илова бар ин, дар назди 715 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1160 маркази инкишофи кӯдак таъсис ёфтааст, ки 23 ҳазору 948 кӯдаки синни то 6-соларо фаро гирифтаанд.

Дар доираи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025» дар шаҳру навоҳии вилоят 33 бинои нави кӯдакистон сохта шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ, татбиқи барномаҳои мушаххас ва дастгирии соҳибкорон метавонад ба таври назаррас мушкили фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳоро коҳиш диҳад. Дар вилоят дар ин самт корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Танҳо соли 2024 бо ҷалби  соҳибкорон 8 муассисаи нави томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Аз ҷумла, дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Айнӣ кӯдакистони №6 сохта шуд, ки барои 60 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Инчунин, биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабии №1 ва №2-и шаҳри Конибодом, кӯдакистони хусусии «Афсона»-и ноҳияи Спитамен ва кӯдакистони №1-уми ноҳияи Шаҳристон ба фаъолият оғоз намуданд.

Соли ҷорӣ 3 кӯдакистон — «Навбаҳор» дар шаҳри Хуҷанд,  «Наврӯз» ва «Баҳор» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар маркази вилоят сохтмони 5 кӯдакистони дигар ҷараён дорад.

Ба гуфти мудири маорифи ноҳияи Мастчоҳ Қудратбек Сафаров, соли 2025 дар ноҳия 4 кӯдакистон тавассути ҳашар ва 3 кӯдакистон бо ташаббуси соҳибкорон бунёд хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2024, зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди муассисаҳои томактабиро суръат бахшанд. Ин дастур ангезаи муҳим барои ҳалли мушкили дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ  мебошад. Аз ин рӯ, масъулон дар тамоми шаҳру навоҳӣ онро бояд ҳарчи зудтар амалӣ намоянд.

 Нодир Турсунов,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: