https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон

№:75 (4971), 16 июн 2025, 16:46
0

Сездаҳуми июни соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ ­Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи НБО «Сангтӯда-1» аз 30 июли соли 2009» ва «Дар бораи рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати ҳафтум» мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: