Номаи табрикӣ
12-уми июни соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Володин Вячеслав Викторович номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Вячеслав Викторович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Россия пазиро бошед!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мустаҳкам ва гуногунҷанбаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро бо Федератсияи Россия, ки ба пайванди мустаҳками дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, баланд арзёбӣ менамоянд.
Сатҳи баланд ва рушди муттасили муносибатҳои байнипарламентиро бо қаноатмандӣ зикр менамоям. Боварӣ дорам, ки ҳамкории босамари мо минбаъд низ ба манфиати мардумони кишварҳоямон фаъолона вусъат меёбад.
Ба Шумо, муҳтарам Вячеслав Викторович, саломатии бардавом, саодатмандӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳои минбаъда ва ба мардуми Россия сулҳ, устуворӣ ва шукуфоӣ орзумандам».
www.majmilli.tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:





