https://sadoimardum.tj

Рукни муҳими суботи сиёсӣ

№:77 (4973) 23 июн 2025, 18:59
0

Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои калидии давлатдорӣ ва омили рушди устувори ҳар як кишвар ба шумор меравад. Ин мафҳум дар Тоҷикистон дорои маъно ва ҷойгоҳи махсус аст, зеро сулҳу суботи кишвар маҳз тавассути барқарории ваҳдати миллӣ амалӣ гардид. Бо дарназардошти мубрамият ва аҳамияти мавзуи баррасишаванда зарур мешуморем, ки мафҳуми ваҳдати миллиро мухтасар шарҳ диҳем. 

Таҳлили адабиёти сиёсӣ нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ ин созиши иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмии неруҳои мухталифи ҷомеа барои расидан ба сулҳи устувор ва рушди давлат аст. Дар илми сиёсатшиносӣ ваҳдати миллӣ ҳамчун неруи қавии ҷамъиятӣ ва рамзи суботи сиёсӣ таҳқиқ мегардад. Ҳуқуқшиносон, хусусан конститутсионалистон бар он ақидаанд, ки ваҳдати миллӣ асоси давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст. Дар моддаҳои 1 ва 8 Конститутсияи Тоҷикистон таъкид мешавад, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. 

Пас аз суқути Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон ба як буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ ва этнофарҳангӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷаи набуди институтҳои пойдори давлатӣ, дахолати неруҳои хориҷӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои гурӯҳӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки бар асари он беш аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор тани дигар ба муҳоҷират маҷбур шуданд. Ин ҷанг на танҳо ҷони инсонҳоро рабуд, балки зербиноҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро хароб кард.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, нуқтаи гардиш дар таърихи сиёсии кишвар эътироф мешавад. Ин иҷлосия бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии кишвар иродаи сиёсӣ ва масъулияти таърихии раҳбари навро инъикос намуд.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи боварӣ байни гурӯҳҳои даргир ва шурӯи музокирот бо мухолифин калидӣ ва таърихӣ мебошад. Музокироти сулҳ на танҳо раванди сиёсӣ, балки дарсу намунаи таҳаммул, гузашт ва манфиати миллӣ ба ҷойи хостҳои гурӯҳӣ буданд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27 июни соли 1997 давлату миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Беш аз 40 созишномаи иловагӣ низ ба ин ҳуҷҷат ҳамроҳ гардид, ки масоили ҳуқуқии афв, баргардонидани гурезагон, муттаҳидсозии неруҳо, таҷдиди қонунгузорӣ ва иштироки мухолифин дар ҳукуматро танзим мекарданд. Ҳамкории минбаъдаи давлат ва мухолифин дар шароити назорат ва дастгирии байналмилалӣ собит сохт, ки Тоҷикистон ба роҳи нави сулҳу ваҳдат қадам ниҳодааст. Сулҳи тоҷикон асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мустаҳкам намуд. Дар пояи ваҳдат давлат тавонист Конститутсияро такмил диҳад, интихоботҳои даврӣ баргузор намояд, сохторҳои низомӣ ва идорӣ бунёд намояд, низоми маориф ва тандурустиро таҷдид кунад.

Созишномаи сулҳи тоҷикон на танҳо дар дохил, балки дар арсаи байналмилалӣ низ мавриди таҳсин қарор гирифт. Муассисаҳои таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ онро ҳамчун намунаи муваффақи ҳаллу фасли ихтилофоти дохилӣ арзёбӣ карданд. СММ, САҲА ва кишварҳои минтақа батафсил ин таҷрибаро омӯхтанд ва онро як намунаи олии рафъи низоъ номиданд. 

Пас аз имзои созишномаи сулҳ Тоҷикистон ба кишвари амн, устувор ва рӯ ба рушд табдил ёфт, барномаву стратегияҳои давлатӣ қабулу амалӣ гардиданд, ки аз файзи ин рӯйдоди таърихӣ Тоҷикистон рӯз ба рӯз мешукуфаду ободу зеботар мегардад. 

Бинобар ин, ҳамасола таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо таҷлили як сана, балки эҳёи руҳияи масъулиятшиносӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои муқаддасанд, ки ҳар нафари ватандӯст бояд онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад».

Сиёвуш НАБОТЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: