https://sadoimardum.tj

Қарзи виҷдону рисолати инсонӣ

№:77 (4973) 23 июн 2025, 19:06
0

Ҳеҷ вақт фаромӯш намекунам солҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки чун кулли сокинони мамлакат аҳли оила азоби гуруснагӣ мекашидем. Аз бими хатар рӯзу шаб чун барги бед меларзидем, зеро зодгоҳи мо дар яке аз минтақаҳои даргир воқеъ буд. Чанд шарикдарси падару модарам аз шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон нома навишта, пешниҳод карданд, ки барои эмин мондан ба он ҷо кӯч бандем. Вале волидонам, ки ҳарду омӯзгор буданд, хоҳиши онҳоро напазируфтанд. То ҳанӯз пеши назарам аст, ки модарам дар ҷавоб гуфтанд:

Ман турна наям, ки рӯзи сардии Ватан

Бар манзили гарми дигарон раҳ гирам.

Чун моҳии аз об бурун афтода

Як дам зи Ватан дур фитам, мемирам.

Волидонам ва кулли тоҷику тоҷикистониён боварӣ доштанд, ки ин Сарвари ҷавон, дилсӯзу ҷонфидо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати хиради азалиашон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, ба аҳли башар соҳибтамаддун будани миллати тоҷикро исбот менамоянд. Дар он айёми бениҳоят ҳассос маҳз муроҷиатномаи Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум, хоса фирориён, дилгармӣ ва эътимод ба ояндаи некро эҳё намуд. Ин муроҷиат аз меҳру муҳаббати Сарвари давлат ба мардуми худ, сарзамини аҷдодӣ дарак медод, ки ҳамаро ба сарҷамъиву ваҳдати миллӣ талқин мекард. Дар муроҷиатномаи Роҳбари мамлакат чунин суханони самимӣ омадаанд: «Моҳҳост, ки гуфтушунидҳои самарабахш бо неруҳои гароишҳои мухталифи сиёсӣ ҷорист ва мо азми қавӣ дорем, ки ҷиҳати тафоҳуми комили ҳама фарзандони модари тоҷик онро давом диҳем. Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед баргашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».

Маҳз ба шарофати ин фарзонафарзанди миллат дар марҳилаи начандон тӯлонии таърихӣ собит гардид, ки тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намоянд. 

Бамаврид медонам ёдовар шавам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси номояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2013 қайд карданд: «Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Ҳамон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ба номи халқи бузургвори тоҷик савганд ёд карда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардона дода будам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи сулҳу суботу пойдории Ватанам, сарҷамъии миллат, Ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам». 

Бузургтарин дастоварди муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд. 

Имрӯз мазмуну моҳият ва арзиши ваҳдати миллӣ дар қалбҳои пиру барнои кишвар мақому манзалати бештар касб кардааст, зеро маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳидтар шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем. Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки арҷгузорӣ ба ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарзи виҷдон ва рисолати инсонӣ маҳсуб мешавад. Шоҳиди онем, ки тамоми азму талош ва нақшаву ҳадафҳои ин абармарди дунёи сиёсат ба муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат дар заминаи ҳадафҳои стретегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат рабт доранд. Дар ин замина, ҳамватанонамон бо роҳнамоӣ ва сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои шоистаи камназирро анҷом дода, зери Парчами давлати соҳибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Артиши милӣ, Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ гардида, ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Аркони фалаҷгардидаи давлатдорӣ эҳё шуда, пули миллӣ ба муомилот баромад ва ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат амалӣ гардид. Ба таъбири шоир: 

Обрӯят обро аз дидаи мо дур кард,

Қудратат мотамсароро ҷои базму сур кард.

Хона холӣ, кӯча холӣ, мулк вайрон гашта буд,

Даъвати ту хонаи вайронаро маъмур кард.

Бегуфтугӯ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун санаи фаромӯшношуданӣ дар китоби таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ гаштааст. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон то абад ҳамчун рӯйдоди таърихии сарнавиштсоз боқӣ хоҳад монд, зеро он барои ҳар фарди миллати тоҷик сулҳ оварду амният ва ҳам хонаи ободу осуда. Аз ин лиҳоз, мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тайкардаи худ, инчунин, ваҳдати миллиро, ҳамчун бозёфтҳои нодири халқамон муаррифӣ намоем.

Фарзона ХОҶАЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: