https://sadoimardum.tj

Тахту бахти мо модар

№:27 (5079), 06 мар 2026, 17:17
0

Модар барои ҳар инсон танҳо як вожа нест, балки маънои тамоми зиндагист. Вақте дар бораи модар сухан мегӯям ё қалам ба даст мегирам, беихтиёр, меандешам: оё ҳама заҳматҳои шабонарӯзӣ, бедорхобиҳо ва фидокориҳои ӯро ба қадри кофӣ дарк кардаам? Оё ба қад­ри меҳру муҳаббати беандозааш расидаам?

Ёд дорам айёми кӯдакӣ, солҳоеро, ки зиндагии мо дар деҳа мегузашт. Модарам шомгоҳон чун аз кори саҳро ба хона бармегашт, бо вуҷуди хастагӣ, дар танӯр нон мепухт, хӯрок омода мекард, то дастархони фарзандон холӣ намонад.

Вақте мо шаб мехобидем, ӯ бедор буд, либосҳоямонро мешусту тамиз мекард, то озода ба мактаб равем. 

Вақте он рӯзҳоро ба хотир меорам, бо тааҷҷуб меандешам: модарам кай хоб мекард, кай истироҳат дошт?

Мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) шомил шудам. Он замон телефони мобилӣ набуд, ки аз ҳоли ҳам зуд-зуд огоҳ шавем ва ман ба модарам нома менавиштам. Рӯзе падару модарам наздам омаданд. Он солҳо роҳҳои кӯҳистон, бахусус зимистон, бисёр хатарнок буданд. Онҳо бомашаққат роҳи хеле зиёдро тай карда, аз Мурғоб ба шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, сипас ба собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) ва аз он ҷо ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба дидори ман расиданд. Чанд рӯз бо мо монданд ва боз ба кӯҳистон баргаштанд.

Баъд аз хатми донишгоҳ, замони ба ҳайси устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолият кардан дар ҳар фурсати муносиб ба дидори падару модар деҳа мерафтам. Модарам ҳар бор бо муҳаббати хос барои ман туша омода мекард. Ҳатто имрӯз, ки худ соҳиби фарзандам, ҳамоно барои модар кӯдакам. Ӯ маро кӯдаквор навозиш мекунад, ҳамеша аз ҳолам бохабар аст. 

Соли 1996 барои идомаи таҳсил ба аспирантура шаҳри Душанбе омадам. Он солҳо роҳи Хоруғ то Душанбе бисёр душворгузар буд. Модарам барои роҳ нон пухта дод, аммо дар яке аз гузаргоҳҳо онҳоро аз дастам гирифтанд. Бениҳоят андуҳгин шудам, гӯё на танҳо нон, балки гармии дасту муҳаббати модарро аз ман гирифта бошанд. 

Чанд рӯз аст, ки модарам аз кӯҳистон ба меҳмонии мо - фарзандон омадааст. Бо омаданаш фазои хонаи ман гарму самимӣ ва пур аз муҳаббат аст. 

Модарам мунтазам дар ҳаққи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек мекунад. Бо самимияти хос мегӯяд: «Худованд баракат диҳад, умрашонро дароз гардонад, ки дар Тоҷикистон сулҳро барқарор намуданд, барои мардум чунин роҳҳои хубу обод сохтанд». 

Доим сафарҳои пурмашаққати солҳои гузаштаро ба ёд меорад. Он солҳо сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар осон набуд. Мардум баъзан ҳатто рӯзҳо дар роҳ мемонданд. Аммо имрӯз шароит тамоман дигар шудааст. Роҳҳо ободу кишвар амн аст ва мардум метавонанд бе азобу машаққат ба дидори наздикони худ расанд. Аз нигоҳи як модар, ки солҳо ранҷи роҳро кашидааст, ин пешрафт арзиши бузург дорад.

Аз нигоҳи модарам низ Душанбе имрӯз нисбат ба гузашта зеботару имкон бештар шудааст.

Вақте мебинам синни модарам боло меравад, то андозае нороҳат мешавад. Ӯ ҳеҷ гоҳ дардашро ошкор намекунад. Шояд ин ба он хотир аст, ки фарзандон нороҳат нашаванд. Бале, модарон чунинанд. Онҳо ранҷу азобро ба дӯш мегиранд, вале намегузоранд, ки фарзанд азият кашад.

Ҳар гоҳе ӯро назди табиб мебарам, боз ҳам дуо медиҳад: «Писарам, баракат ёбӣ». Ин дуоҳо барои ман бузургтарин сармояанд. 

Модар неъмати нодир аст. Агар имрӯз ба қадраш нарасем, фардо дер хоҳад шуд. 

Силмон МАВЛОНАЗАРОВ, 

профессор, корманди пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: