Ҷаласаи фраксияи ҲХДТ баргузор гардид
Дар ҷаласаи фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми июни соли равон доир шуд, нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, «Раванди Душанбе-2025» дар ташаккули баҳамоии давлатҳо ва тақвияти ҳамкории глобалӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гашт.
Зикр шуд, ки дар ду даҳсолаи охир шаш ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу иқлим аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои мазкур ва қатъномаҳои дахлдори ин созмони бонуфузтарини ҷаҳонӣ мавқеи устувори Тоҷикистонро ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти зикршуда дар шароити тағйирёбии иқлим собит сохт.
Таъкид гардид, ки ба шарофати пешниҳодоти наҷибонаи Пешвои муаззами миллат пойтахти кишвари азизи мо – шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд табдил ёфтааст. Яке аз чунин чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки 29-31 майи соли равон доир шуд. Дар конфронси мазкур ташаббуси панҷуми Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» иқдоми муттаҳидсозандаи аҳли сайёра эътироф гардид.
Дар ҷаласаи фраксия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки парлумони кишвар ба таҳия ва қабули қонунҳои соҳавии марбут ба ҳифзи муҳити зист, экология, истифодаи самараноки захираҳои об ва дигар сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. То имрӯз аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар беш аз 30 кодексу қонунҳои дахлдор таҳия ва қабул гардидаанд, ки муносибатҳои ҳуқуқию ҷамъиятиро дар ин самт танзим менамоянд.
Қабули нахустин санади меъёрии ҳуқуқӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар соли 2024, ки асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян менамояд, аз ҳамон ҷумла аст.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





