https://sadoimardum.tj

Рушди меъморӣ, шаҳрсозӣ - талаби замон

01 июл 2025, 17:05
0

Бо ин ном дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинари вилоятӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози семинар иштирокдорон аз намоиши лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистон, марказҳои фарҳангиву саломатӣ ва боғҳои фароғатӣ боздид карданд. 

Дар ифтитоҳи семинар раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зикр кард, ки мақсад аз баргузории ин ҳамоиш тавсеаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мадди назар доштани меъёрҳои миллӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, баланд бардоштани сифати сохтмон ва зебо гардондани симои шаҳру деҳот мебошад. Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 15 ҳазор иншооти таъиноти гуногун дар вилоят бунёд хоҳанд шуд.

Дар семинар собиқадори соҳа Музаффар Юнусов, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси Ассотсиатсияи бинокорони вилояти Суғд Муъминҷон Бобоев ва дигарон оид ба мушкилоту имконияти соҳа, ҷалби мутахассисони болаёқат ва унсурҳои миллӣ дар меъморӣ маърӯза карданд.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: