Китобхонаи вилоятии Хатлон таъмиру навсозӣ мешавад
Китобхонаи вилоятии Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирии раиси вилоят ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ мешавад.
Аллакай корҳои таъмирӣ дар китобхона оғоз гардида, дар назар аст, ки то моҳи сентябри соли равон ба анҷом расад.
Дар баробари таъмиру навсозӣ, инчунин, осори адабии дар китобхона ҳифзшаванда, ки беш аз 100 ҳазор нусхаро дар бар мегирад, ба шакли электронӣ табдил дода мешаванд.
Аз ҷараёни корҳои таъмиру навсозӣ дар китобхона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дидан карда, ба масъулон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда
